Марг дар зиндон
Хабаргузории австриягии APA аз қавли раҳбари зиндони Йозефштадти Вена Петер Пречтл гуфт, ҷасади Роҳат Алиевро соати 7-20 рӯзи 24 феврал дар ҳаммоми ҳуҷраи тоқае, ки ӯ менишаст, ёфтаанд. Ба гуфтаи Пречтл, Алиев худро ба дор кашидааст.
Петер Пречтл гуфт, Роҳат Алиев худаш хостори ҳуҷраи якнафарӣ дар бахши бемористони ин зиндон шуда буд. Ба гуфтаи ин мақом, ягон таҳдиди худкушӣ аз сӯи Алиев эҳсос намешуд ва ба ин далел вай дар рӯйхати он маҳбусоне буд, ки метавонистанд, бидуни посбон дар дохили зиндон ҳаракат кунанд.
Домоди собиқи раисиҷумҳури Қазоқистон баъди фирораш дар 8 соли пеш дар ғайбаш бо ҷурмҳое, чун куштор, хиёнат ба Ватан ва омодагӣ ба табаддулоти давлатӣ дар Қазоқистон дар маҷмӯъ ба 40 соли зиндон маҳкум шуда буд. Австрия то кунун ду дафъа ба ин далел ки ба имкони таҳияи шароити муҳокимаи мунсифонаи парвандаҳои Роҳат Алиев дар Қазоқистон эътимод надоранд, дархости истирдоди ӯро рад карда буд.
Фирор аз кишвар
Бори охирин Роҳат Алиев рӯзи 5 июни соли 2014 дар Вена ва ин бор бо иттиҳоми даст доштан дар рабудан ва куштори менеҷерҳои аршади "Нурбонк"-и Қазоқистон Жолдас Тимралиев ва Айбар Ҳасенов дар соли 2007 дастгир шуд. Ӯ худро довталабона ба пулис таслим кард ва додситонии Австрия моҳи декабри соли 2014 Алиевро расман ба даст доштан дар қатли ин ду бонкдори қазоқ айбдор кард.
Роҳат Алиев, муовини собиқи вазири амнияту вазири хориҷаи Қазоқистон ва ҳам сафири собиқи Қазоқистон дар Австрия ва САҲА, ки баъди бад шудани муносибатҳояш бо Нурсултон Назарбоев дар ин кишвари аврупоӣ паноҳ бурда буд, қаблан изҳор карда буд, ки ин иттиҳомоти алайҳи ӯ ангезаҳои сиёсӣ доранд.
Мақомоти Қазоқистон домоди собиқи раисиҷумҳурро дар дуздии миллионҳо доллар пули давлат, рэкету ғасби тиҷоратҳои пурдаромад, хиёнат ба Ватан, қасди табаддулоти давлатӣ ва ҳам ба даст доштан дар чандин куштор айбдор карда, дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додаанд.
Роҳат Алиев ҳамсари Дориға Назарбоева, духтари калонии раисиҷумҳури Қазоқистон буд. Баъди фирори Роҳат Алиев аз Қазоқистон дар соли 2007 ҳамсараш аз ӯ расман ҷудо шуд.
Роҳат Алиев баъди фирор дар матбуот як силсила маводи сиёҳкунанда дар бораи падарарӯси собиқашро нашр ва Назарбоевро ба ғасби қудрат ва даст доштан дар ҷиноятҳои сангин айбдор кард. Алиев дар бораи падарарӯсаш китобе ҳам бо номи "Крестный тесть" чоп кардааст.
"Парвоз"-и пизишк- домоди президент
Роҳат Алиев 10 декабри соли 1962 ба дунё омада, соли 1986 донишгоҳи тиббии Алма-Аторо хатм кардааст. Ӯ доктори улуми тиббӣ ва доктори улуми иқтисодӣ буда, бо шарофати издивоҷ ба духтари калонии Нурсултон Назарбоев ба мақомҳои баланде, чун муовини вазири амният, муовини вазири хориҷа ва раиси кумитаи андози Қазоқистон расида буд.
Роҳат Алиев аллакай дар 37-солагӣ соҳиби унвони генерал-майор ҳам шуд, вале баъди фирораш аз кишвар тамоми унвонҳову нишонҳои давлатии Алиевро бекор карданд.
Роҳат Алиев аз издивоҷаш бо Дориға Назарбоева ду писар — Нуралӣ ва Ойсултон — ва як духтар бо номи Венера ва ҳам ду набера дорад. Бино ба бархе хабарҳо, баъди ҷудо шуданаш аз духтари президент, Роҳат Алиев ба Элнора Шоразова издивоҷ карда, аз ӯ ҳам як писари хурдсол дорад. Ба гуфтаи бархе манобеъ, баъди ин издивоҷ Роҳат Алиев номи хонаводагии ҳамсари дуюмашро гирифт ва дар санадҳояш номи расмии ӯ дигар Роҳат Шораз буд.