ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Дар Қазоқистон 26 апрел рӯзи баргузории интихоботи зудрас ва ғайринавбатии раёсати ҷумҳурӣ эълон шуд, менависад "Радиои Озодӣ".
Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳур ин кишвар гуфтааст, интихобот "бояд ҷиддан бар асоси қонун, озод ва одилона бо ширкати нозирони дохилӣ ва байналмиллалӣ баргузор шавад".
Вай ин суханонро дар паёми телевизионии худ ба мардуми кишвараш изҳор дошта, аммо нагуфтааст, ки худ низ ин навбат номзадиашро пешбарӣ мекунад ё хайр. Ташаббуси баргузории интихоботи зудрасро Шӯрои Анҷумани мардумони Қазоқистон 14 феврал матраҳ карда буд.
Сипас ҳар ду маҷлиси порламон он кишвар ба раиси ҷумҳур муроҷиат карданд ва хостанд, ки вай интихоботи ғайринавбатии раёсати ҷумҳурӣ эълон кунад.
Бар асои қонунҳои Қазоқистон, интихоботи ғайринавбатиро раиси ҷумҳур эълон мекунад ва он баъд аз эълон бояд дар давоми ду моҳ баргузор шавад.