ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Теъдоди қурбониёни тармафароӣ дар манотиқи шимолу шарқи Афғонистон афзоиш ёфта ва ҳамакнун 124 нафар дар пайи ин ҳодиса ҷони худро аз даст додаанд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Ассошиэйтед Пресс.
Тоннаҳо қабати барф ба чаҳор вилояти шимолу шарқи кишвар фурӯ рехтанд. Бештар аз ҳама вилояти Панҷшер зарар дид. Дар ин ҷо офати табиъийӣ ҳудуди 100 манзилро тахриб карда зери қабати барф бештаре аз зербаноҳо қарор мондаанд, хабар дод ба хабаргузорӣ муъовини мудири Маркази рафъи авоқиби офоти табиъийии Афғонистон Аслам Сиас.
Ба иттилоъи раҳбари пулиси вилояти Панҷшер теъдоди қурбониён метавонад афзоиш ёбад ва умури наҷот рӯзи панҷшанбе идома меёбад.
Якҷо бо маъмурони ниҳодҳои интизомӣ дар умури наҷот ихтиёрон низ саҳми фаъол мегиранд, ки мехоҳанд ҳамватанони худро аз марг наҷот бидиҳанд. Ихтиёронро ҳатто адами олоти корӣ монеъ намешавад ва онҳое, ки барояшон бел нарасид, барфро бо дастонашон тоза мекунанд. Мушкили ҷиддӣ барои ироъа кӯмак ба осебдидагон вазъи вахими ҷоддаҳо унвон мешавад, ки зери қабати барф мондаанд.
Феълан ба вилоят гурӯҳҳои Ҳилоли Аҳмар эъзом шудаанд. Ин дар ҳолест, ки мақомоти маҳаллӣ ба идомаи ироъаи кӯмакҳо аз созмонҳои дигари хайриявӣ ва ҳукумати марказӣ умед доранд.
Панҷшер яке аз 34 вилояти Афғонистон аст. 144,4 ҳазор (мавқеъи 33) нафар ҷамъият дорад. Маркази маъмурӣ шаҳри Бозорак мебошад. Дар қаламрави вилоят нерӯҳои аслии НАТО ба раҳбарии ИМА мустақар ҳастанд.