Хоккейи "чаппа" дар зери об: вақтхушии ҷадиди ғавоссон

Обуна шудан
Ғаввосон (дайвер)-ҳои Сибир дар зери оби ях бозии вақтхушӣ- хоккейи зериобӣ баргузор карданд. Тафсилоти бештарро дар навор дида метавонед, ки сабқат чӣ гуна ҷараён гирифт.

Мусобиқа каме дуртар аз маҳаллаи Темиртауи вилояти Кемерово сурат пазируфт.

Рақобат дар зери об баргузор шуд, хоккейбозон бошанд бо ҳамдигар на мисле дар рӯи ях балки баръакс- "чаппа" рақобат мекарданд. Зеро ях боло сар мемонад, на зери по.

Ҳар даста се бозигар дошт, дарвозаи тимҳо бошад аз ях сохта шуда буд.Ғолиби мусобиқа на дертар аз 15 дақиқаи бозӣ бо задани голи нахустин анҷом ёфт.

Ҳарчанд сар ба зер (чаппа) бозӣ кардан дар хоккейи зериобӣ барои ғаввосон мушкил буд, аммо дайверҳои вилояти Кемерово пирӯзӣ ба даст оварда, ғолиби сабқат эълом шуданд.

Лентаи хабарҳо
0