Аз чархболи Airbus метавон дар Тоҷикистон истифода кард

© Flickr \ Adrian ...Чархболи Airbus EC175. Акс аз бойгонӣ
Чархболи Airbus EC175. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нахустин тарҳи мусофирбари ин чархболҳо барои бахши истихроҷи нафту газ ва интиқол ба нуктаҳои нафтугазкашӣ дар баҳрҳо тавлид мешаванд, вале дарёфти муҷҷавизи расмии истифодабарии он имкон медиҳад, ки ин чархбол дар манотиқи баландкӯҳ, аз ҷумла дар Тоҷикистон истифода шавад.

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Airbus Helicopters EC175 — чархболи шакли муттавасит муҷҷавизи Кумитаи байналмиллалии ҳавонавардиро (КБҲ) дарёфт кард ва ҳамакнун ин амр шароитро барои истифодаи он дар Осиёи Марказӣ фароҳам мекунад, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба ширкати Airbus Helicopters Vostok.

"Дарёфти муҷҷавизи КБҲ имкон медиҳад, ки истифодаи чархболи EC175 дар Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Малдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон имконпазир шавад", — зикр мекунад мудири кулли Airbus Helicopters Vostok Эмерик Ломм.

Чархболҳои нахустин дар шакли мусофирбар барои анҷоми парвозҳои тиҷорӣ ба нуктаҳои истихроҷи нафту гоз дар баҳрҳо барои бахши нафту гоз тавлид шудаанд, вале дар соли 2016 тавлиди чархболҳои дорои курсиҳо барои мусофирони олирутба низ оғоз мешавад.

Зикр мешавад, ки нахуст ироаи муҷҷавиз барои EC175 дар авохири соли 2012 дар назар буд, вале ба далели ошкор шудани бархе аз мушкилоти ҳавонавардӣ ин амр ба мӯҳлати дигаре гузошта шуд. Яке аз нахустин фармоишгарҳои ин чархбол ширкати ҳавоии "ЮТэйр" буд, ки бо мушкилоте рӯбарӯ аст.

EC175 чархболи миёнаҳоли дорои ду муҳаррик бо вазни оғози парвоз бо 7500 килограмм мебошад. Дар тавлиди он харидорони воқеъӣ мушорикат доштанд — аз миёни намояндагони ширкатҳои ҳавоӣ, бахши истихроҷи нафту гоз ва коршиносони умури наҷот гурӯҳи корӣ таъсис шуда буд. Чархбол чанд шакл дорад: мусофирбар барои интиқол дар бахши истихроҷи нафту газ, умури наҷот, пизишкӣ, дастҷамъона ва мусофирони олирутба. Феълан Airbus Helicopters барои тавлиди 64 адад аз чархболи EC175 супориш гирифтааст.

Дар Тоҷикистон чархболҳои сохти замони шӯравии МИ-8, ки моли ширкати ҳавоии "Тоҷик Эйр" аст, истифода мешаванд. Ҳамчунин Фурӯдгоҳи байналмиллалии Душанбе соли 2014 хадамоти "Fly Service"-ро роҳандозӣ кард, ки истифода аз чархболи Eurocopter AS 350 барои анҷоми парвозҳо дар қаламрави Тоҷикистонро фароҳам мекунад.

Лентаи хабарҳо
0