ВКХ ҶҚ: ба боз кардани консулгарӣ дар Тоҷикистон иҷоза намедиҳанд

© Официальная страница МИД КР в FacebookВазорати умури хориҷаи Қирғизистон
Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муовини вазири хориҷаи Қирғизистон Аскар Бешимов зимни суханронӣ дар парлумони Қирғизистон хабар додааст, ки ҷониби Тоҷикистон ба боз кардани консулгарии ин кишвар дар Хуҷанд иҷоза намедиҳад.

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. "Тоҷикистон барои боз кардани консулгарии Қирғизистон дар шаҳри Хуҷанд иҷоза намедиҳад", — иқтибос овардааст "Озодагон" аз суханони муовини вазири хориҷаи он кишвар Аскар Бешимов.

Бо чунин иддаъо рӯзи чаҳоршанбе муовини вазири хориҷа дар парлумон суханронӣ кард. Вай зикр кард, ки Қирғизистон чанд маротиба дар ин замина ба Душанбе номаҳои расмӣ ирсол кардааст.

"Посухи расмӣ то ҳол наомадааст. Вале дар сӯҳбатҳои шифоҳӣ онҳо барои боз кардани консулгарии Қирғизистон дар маркази маъмурии вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд иҷоза намедиҳанд", — гуфт Бешимов.

Ба гуфтаи вай, ҷониби Душанбе мавқеъи нодурусти маҳалли ин намояндагии дипломатӣ дар Хуҷандро далел пеш меоранд.

Лентаи хабарҳо
0