Зимистони имсол дар Душанбе ниҳоят гарм ва бе бориш омад. Барфрезии ахир дар фасли сармо боз як бори дигар аз зимистон дарак дод.
Ба қавли ҳавошиносон, охири ҳафтаи равон ҳаво гарм шуда, баҳор ба Тоҷикистон ворид мешавад.
Яъне, хайр зимистон?

1/10
© Sputnik / Амир Исаев
Аксари мо бовар надоштем, ки имсол зимистонро дар Душанбе мебинем...

2/10
© Sputnik / Амир Исаев
Дирӯз буд, ки Душанбе дар оғӯши баҳор ба сар мебурд...

3/10
© Sputnik / Амир Исаев
Чанд рӯз қабл кулоҳу либоси гарми мо дар ҷевон интизори сардиҳо буданд. Ҳамакнун, дар берун ҳаво хунуку барф мерезад. Эҳтиёт шавед, апрел ҳанӯз дур аст, ин моҳи баҳман (феврал) аст.

4/10
© Sputnik / Амир Исаев
Наметавон гуфт, ки субҳи имрӯз ҳаво беҳад сард буд, аммо на ҳама ба он тайёр буданд...

5/10
© Sputnik / Амир Исаев
Субҳи барвақт техникаи барфтозакунӣ ба кор даромад, аммо фақат соати 10 шаҳр аз барф тоза шуд.

6/10
© Sputnik / Амир Исаев
Дарахтонро дигар шинохтан номумкин буд.

7/10
© Sputnik / Амир Исаев
Ана акнун барфбозӣ кардан мумкин, ҳатто метавон Бобои барфӣ сохт...

8/10
© Sputnik / Амир Исаев
Ҳаво тағйир ёфт, аммо баҳор ҳам дур нест.

9/10
© Sputnik / Амир Исаев
Новобаста аз боришоти шадид шаби Душанбе начандон сард буд.

10/10
© Sputnik / Амир Исаев
Ҳавошиносон пешгӯӣ мекунанд, ки охири ҳафта ҳаво гарму баҳорӣ мешавад