Додситони кул: беасос парванда боз накунед

© SputnikЮсуф Раҳмонов дар нишасти матбуотии Прокуратураи генералии ҶТ
Юсуф Раҳмонов дар нишасти матбуотии Прокуратураи генералии ҶТ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмонов дар ҷаласаи ҳайати мушовара (коллегия) аз зердастонаш талаб кардааст, ки тафтиши парвандаҳоро тӯл надиҳанд ва мардумро беасос боздошт накунанд.

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Додситони кул Юсуф Раҳмонов дар коллегияи мазкур таваҷҷӯҳи аҳли нишастро ба масъалаи мубориза бо фасод ва ҳам боздоштҳои бидуни асос ва тӯл надодани бозҷӯии парвандаҳо ҷалб кард, иттилоъ медиҳад СА-News.

Ба иттилои манбаъ, коллегия ё ҳайати мушовараи додситонии кулли Тоҷикистон бо ширкати намояндагони Кумитаи амнияти миллӣ, вазорати умури дохилӣ, оҷонсии зидди коррупсия ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии  маводи мухаддир рӯзи 24 феврал масоили мубориза бо фасод дар қаламрави кишварро баррасӣ кард.

Ин нишаст ба думболи суханронии раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 17 феврали Шӯрои Амният аст, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон ниҳодҳои ҳифзи тартиботро ба чашм пӯшидан аз фасодкорӣ ва гузашта аз ин даст задани худи мақомот ба фасод айбдор    

"Парвандаҳои ҷиноятӣ беасос боз карда нашаванд ва шаҳрвандон ғайриқонунӣ дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида нашаванд,"- иброз доштааст Раҳмонов дар ин ҷаласа.

Ҳамзамон, додситони кулл бештар бар сари фармони рақами 30-и прокуратураи генералӣ таъкид кард. Бар пояи ин амр, агар муфаттиш ба як нафар бар пояи чанд банди қонуни ҷиноӣ айб эълон кунад, вале баъдан дар мурофиаи судӣ чанде аз ин айбҳо бекор шавад, масъулияти ин иштибоҳ бар дӯши муфаттиш меуфтад.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин мушкил Юсуф Раҳмонов, додситони нав мехоҳад то ин гуна шеваи корро аз байн бардорад ва аз муфаттишон низ талаб кардааст, ки кори тафтишотро ба зудӣ анҷом диҳанд.

 

Лентаи хабарҳо
0