Фаъолтарин гирандаи интиқолоти пулӣ соҳиби 100 ҳазор сомонӣ шуд

© Официальная страница банка "Эсхата" в Facebook Ба фаъолтарин гирандаи интиқоли пулӣ аз Русия 100 ҳазор сомонӣ ҷоиза тақдим шуд
Ба фаъолтарин гирандаи интиқоли пулӣ аз Русия 100 ҳазор сомонӣ ҷоиза тақдим шуд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Иқдоми “Интиқоли тиллоӣ” 15 сентябри соли 2014 аз сӯйи Бонки “Эсхата” ва низоми интиқоли пулии “Золотая Корона-денежние переводи” оғоз шуда буд. Ахиран мубтакирон пирӯзи аслиро эълом карданд.

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Ба фаъолтарин гирандаи интиқолҳои пулӣ аз Русия ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 100 ҳазор сомонӣ супорида шуд, менависад хабаргузории "Ховар".

Иқдоми "Интиқоли тиллоӣ" 15 сентябри соли 2014 аз сӯйи Бонки "Эсхата" ва низоми интиқоли пулии "Золотая Корона-денежние переводи" оғоз шуда буд. Ахиран мубтакирон пирӯзи аслиро эълом карданд.

"Соҳиби хуштолеъи ҷоизаи пулӣ Носир Қосимов, сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон шуд. Вай гирандаи фаъоли интиқоли пулӣ аз Русия мебошад. Соҳиби ҷоизаи пулӣ шуданашро вай аз кормандони бонки "Эсхата" шунид", — омадааст дар хабар.

Ба ғайр аз Қосимов боз се нафар мизоҷони ин бонк дар иқдоми "Интиқоли тиллоӣ" пирӯз шуда ҷоизаҳои пулиро соҳиб шуданд.

Лентаи хабарҳо
0