Даргузашти раҳбари дафтари Reuters дар Покистону Афғонистон

© REUTERS/Faisal MahmoodМария Головнина. Акс аз бойгонӣ
Мария Головнина. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар бадани ҷасади хабарнигори Reuters, ки дар ҳаммоми ҳавлие, ки дар он ҷо дафтари хабаргузорӣ воқеъ буд, нишонаҳои марги иҷборӣ ошкор нашудаанд.

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Раҳбари дафтари хабаргузории Reuters дар Афғонистон ва Покистон хабарнигори рустабор Мария Головнина рӯзи душанбе дар Исломобод ҷони худро аз даст додааст, хабар медиҳад РИА Новости.

Ҷасади хабарнигори 34-соларо дар ҳаммохонаи ҳавлие пайдо кардаанд, ки дар он ҷо дафтари намояндагии хабаргузорӣ воқеъ буд. Головнина аз ҳуш рафта ва кӯмакҳои пизишкӣ натавонистаанд ӯро наҷот диҳанд, омадааст дар баёнияи Reuters.

"Мария хабарнигори варзида ва соҳибтаҷриба дар Reuters буд", — зикр шудааст дар баёнияи хабаргузорӣ.

Тибқи таҳқиқоти муқаддамотӣ дар бадани ҷасад нишонаҳои марги иҷборӣ ошкор нашудаанд. Ва ба иттилоъи шабакаи телевизионии ҳиндии NDTV шавҳари хабарнигор аз пизишкон хостааст, ки бозрасии дарунии ҷасад гузаронида нашавад.

Ба иттилоъи РИА Новости, ҷасади Мария дар сардхонаи Донишкадаи улуми пизишкии Покистон қарор дорад ва рӯзи чаҳоршанбе бояд далоили маргаш рӯшан шавад.

Мария Головнина духтари Василий Головнин, раҳбари намояндагии ТАСС дар Токио мебошад.

Хабарнигор соли 2013 раҳбарии дафтари Reuters дар Афғонистон ва Покистонро бар ӯҳда гирифт ва ба гуфтаи раҳбарияти хабаргузорӣ "кормандони намояндагӣ таҳти раҳбарии вай миқдори зиёди хабарҳои дасти аввал ва нодир дарёфт карданд".

Аз соли 2010 Головнина ба унвони муҳаррир ва сипас хабарнигори варзида ин расона дар дафтари Лондон буд.

Соли 2005 ба симмати хабарнигори варзида дар кишварҳои Осиёи Миёна таъйин шуд ва интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Афғонистон дар соли 2009 ва ҳаводис дар Ироқро бозтоб медод.

Солҳои 2002-2005 вай хабарнигори Reuters дар Русия буд.

Вай соли 2001 ба Reuters ба унвони хабарнигори хориҷӣ дар Япония пайваст ва сипас дар Лондон, Сингапур ва Кореяи Ҷанубӣ кор кардааст.

Лентаи хабарҳо
0