Дар се рӯз дар Тоҷикистон се духтар нопадид шудаанд

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкАризаи нопадид шудани кӯдак. Акс аз бойгонӣ
Аризаи нопадид шудани кӯдак. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Духтаракони аз 17 то 23-солаи сокинони вилояти Суғд ва Хатлон аз 18 то 20 феврал нопадид шудаанд.

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Се духтари ҷавон аз 18 то 20 феврал дар манотиқи мухталифи кишвар нопадид шудаанд, омадааст дар хабари сойти вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Рӯзи шанбеи гузашта ба бахши пулиси шаҳри Хуҷанд сокини 23-солаи маҳалллӣ Дилшодҷон Муллоев бо аризаи нопадид шудани хоҳараш муроҷиат кардааст.

Ба гуфтаи ин ҷавон, 18 феврал, тахминан соати 18:40 хоҳари 20-солааш Дилфуза Муллоева аз хона баромада ва то ҳол барнагаштааст.

Ҳамчунин, ба бахши пулиси шаҳри Қӯрғонтеппа сокини 44-солаи ин шаҳр Гавҳар Акрамова муроҷиат карда хабар додааст, ки 20 феврал соати 12:00 духтари 19-солааш Насиба Акрамова аз хона баромада дигар барнагаштааст.

19 феврал ба бахши пулиси шаҳри Истаравшан Абдуқаҳҳор Ҷабборови 63-сола, сокини ҷамоати Гули Сурх муроҷиат кардааст. Дар аризааш омадааст, ки соати 10:00 субҳ набераи 17-солааш Ганҷинаи Икромзод аз хона берун шуда ва то ҳол дар борааш ҳеч хабаре нест.

Манбаъи ВКД ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки барои ҷустуҷӯи духтарони нопадидшуда иқдомоти фаврӣ анҷом мешаванд.

Аз дуздида шудани кӯдакон чӣ гуна бояд ҷилавгирӣ кард?

 

 

Лентаи хабарҳо
0