Деҳқонони Хатлон аз боридани барфи зиёд нигаронанд

© МЧС РФ / Гузариш ба медиабонкБарф. Акс аз бойгонӣ
Барф. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, дар 5 соли охир ёд надоранд, ки дар ин шабу рӯз, ки деҳқонон дар саҳро машғули кор мебошанд, барф борида бошад.

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Бориши барф дар вилояти Хатлон кишоварзонро ба ташвиш овардааст, менависад оҷонсии TojNews.

Шуруъ аз субҳи 24-уми феврал дар ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрав зимистони имсол барои бори аввал барф борид, ки кишоварзон онро "барфи ғайриинтизор" номидаанд.

Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, дар 5 соли охир ёд надоранд, ки дар ин шабу рӯз, ки деҳқонон дар саҳро машғули кор мебошанд, барф борида бошад.

Ба гуфтаи бобои Бердимурод, роҳбари яке аз хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ноҳияи Носири Хусрав, деҳқонони ин минтақа бисёре аз зироатҳоро кишт кардаанд, агар сармо чунин идома кунад, эҳтимоли хунук задан низ вуҷуд дорад.

"Ҳамасола ин шабу рӯзҳо мо деҳқонон дар як қисми заминҳоямон кишти пиёз, картошка, сабзӣ, гандум ва ғайраро мегузаронем ва имсол ҳам чунин кардем, аммо тарс аз он дорем, ки меҳнати кардаи имсолаамон барбод меравад", — мегӯяд Бердимурод.

Аммо Неъмат Гулбоев, сардори идораи кишоварзии ноҳия мегӯяд, ин сардӣ ба деҳқонон хисорот намеорад.

"Инҷо пеш аз ҳама эҳтимоли сармо хурдани зардолу ва бодом мавҷуд мебошад, чунки ин навъи дарахтон ба пурагӣ гул кардаанд, ба зами ин агар деҳқононе, ки картошкаи шинонидаашонро беш аз 8 сантиметр зери хок накарда бошанд, он ҳо низ мумкин аст аз ин сардиҳо хисорот бинанд. Ба боқимонда навъҳои зироат ва дарахтон ин хунуки таъсир расонида наметавонад", — меафзояд Гулбоев.

Лентаи хабарҳо
0