ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Тафтишот муайян кардааст, ки шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон аз соли 2013-юм дар Нерюнгрии Ёқутистон иқомат дошта, тайи як соли охир бо як зани тоҷикистонӣ дар ақди никоҳ будааст ва ҷинояти мазкурро рӯзи 13 феврал анҷом додааст, иттилоъ медиҳад Tojnews.
"Ҳамсараш тайи ин муддат соҳиби шаҳрвандии Русия шудааст ва ду моҳ пеш соҳиби духтарча мешаванд. Аммо муносибатҳо дар оила бад мешаванд ва занаш изҳор доштааст, ки аз ӯ ҷудо мешавад ва духтарчаро низ бо худ хоҳад бурд".
Аммо Содиқ, ки асосан сохтмону бозорҳо кор мекардааст, аз ин нияти занаш норозӣ шуда, рӯзи 13-уми феврал замоне, ки ҳамсараш ба мағоза рафтааст, духтарчаи думоҳаи худро 6 корд мезанад: "Ҳамсари Содиқ баъди бозгашт ва дидани ҳол дар беморхонаи касалиҳои руҳӣ бистарӣ мешавад. Худи Содиқ дар хона маъмурини пулисро интизор шуда, далели шайъиро ба онҳо ироа кардааст".
Ба иттилои маъмурини пулис Содиқ ба онҳо изҳор доштааст, ки ба ҳамин васила хостаст, аз ҳамсараш қасос гираду духтарашро ба дасти ӯ надиҳад.
"Феълан алайҳи ин ҷавони тоҷик ба иттиҳоми куштори тифл, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштааст, парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, барои муттаҳам ташхиси равонӣ таъин шудааст".
Иттиҳоме, ки аз рӯи он алайҳи Содиқ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст, ҷазо дар шакли ҳабси якумраро пешбинӣ мекунад.