Сафир ба донишҷӯён машварат дод, ки қавонини Русияро нақз накунанд

© Пресс-служба посольства РТ в РФСафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов
Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба ҳангоми дидор аз вилояти Воронеж сафир бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар Русия таҳсилоти олӣ мекунанд дидор карда ба онҳо машварат дод, ки қавонини ин кишварро нақз накунанд ва ба “феҳрасти сиёҳ” шомил нашаванд.

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Барои шомил нашудан ба феҳрасти ихроҷшудагон бояд қавонинро риоят кард, машварат дод Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар ФР ба ҳангоми дидор бо донишҷӯёни тоҷик дар Воронеж, омадааст дар хабари сойти сафорати ҶТ дар ФР.

Дар дидор бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи фанновариҳои муҳандисии Воронеж баргузор шуд, Сатторов зикр кард, ки феълан масъалаи мубрам ин мушкили афроди "мамнуъ-ул-вуруд" аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад.

"Ба ин далел ба хотири дар чунин вазъ қарор нагирифтан шуморо зарур аст, ки қавонини ин кишварро риоят кунед, сареъан асноди иҷозатдиҳӣ дарёфт кунед, забони русиро омӯзед ва тахассуси худро пайваста боло бубаред", — зикр кард сафир.

Ба гуфтаи вай, ин масъала пайваста бо ниҳодҳои мухталифи ФР дар сатҳи мухталиф баррасӣ мешавад.

Имомуддин Сатторов зикр кард, ки таъмини ҳуқуқ ва манофеъи муҳоҷирони кории тоҷик, кӯмак ва пуштибонӣ аз донишҷӯёни муқими Русия, ба ҳам омадани гурӯҳҳои мухталифи тоҷиктаборон ба манзури тавзеъ ва тарғиби фарҳанги қадимаи мо аз самтҳои аслии фаъолияти сафорат мебошанд.

Дар чорчӯби боздид аз вилояти Воронеж сафир ҳамчунин бо раҳбари бахши ИФМ дар вилояти Воронеж Игор Селютин дидор кард. Дар ин дидор масоили марбут ба вазъи муҳоҷират, дурнамои ҳамкориҳо дар бахши муҳоҷирати корӣ, бавижа дар масоили таъмини ҳуқуқ ва манофеъи муҳоҷирони кории тоҷик дар ин минтақа баррасӣ шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0