ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, бар асари фаромадани тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд як мошини тамғаи "Газел" ба чуқурии 50 метр сарозер шуда, сабаби марги одамон гардидааст, иттилоъ медиҳад хабаргузории маҳаллии Озодагон.
Ҳодисаи маргбор 23-юми феврал соати 11:45 дақиқа дар километри 158-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ рух додааст, вале наҷотдиҳандагон аз ин қазия тақрибан соати 12:28 дақиқа огоҳӣ ёфтаанд.
"Дар рафти роҳтозакунӣ маълум шудааст, ки "Газел" зери тарма монда, ба чуқуқрии 50-метр сарозер шудааст. Дар натиҷа, ронанда Ҳоҷӣ Ҳайдарҷон Шокирови 33-сола дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, падараш Усмон Шокирови 56 —сола, ки ҳамроҳи ӯ будааст, дар беморхона ба ҳалокат расидааст",- меафзояд манбаъ.
Ин дуюмин ҳодиса маргбор дар шоҳроҳи Душанбе — Хуҷанд мебошад, ки тайи ду рӯзи барфрезии ахир ба қайд гирифта шудааст.
Қаблан, КҲФ хабар дода буд, ки дар километри 156-уми шоҳроҳи мазкур, тарма мошини боркаши "Дулан"-ро ба чуқурии 800 метр сарозер намудааст: "Дар натиҷа се сокини Хуҷанд — ронанда Солеҳхӯҷаеви 57-сола ва бародарон Нуралиевҳо — Иноми 40-сола ва Илҳоми 38-сола ба ҳалокат расидаанд".