ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар даъват намудааст, то 26-уми феврал аз сафар тариқи шоҳроҳҳо ва минтақаҳои куҳӣ худдорӣ намоянд, менависад оҷонсии "Озодагон".
Ориф Нозимов, сухангӯи ин ниҳод ба оҷонсӣ гуфтааст, тибқи пешгӯиии Муассисаи давлатии обуҳавошиносӣ, то 26-уми феврали соли равон дар ҳудуди Тоҷикистон ҳавои ноустувор боқӣ мемонад.
"Бино бар ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода тамоми шаҳрвандон ва меҳмононро огоҳ мекунад, ки дар ин рӯзҳо аз сафарҳо худдорӣ кунанд, зеро дар пайи боридани барфи зиёд ҳаракат дар бархе аз шоҳроҳҳо душвор ва дар баъзеяш баста шудааст. Агар бисёр зарур бошад, ҳатман маводи ниёзи аввалро бо худ ҳамроҳ бигиранд", — афзудааст Нозимов.
Дар чанд рӯзи охир дар роҳи Душанбе — Хуҷанд дар километри 156, 158, ағбаи Шаҳристон ва Душанбе — Хоруғ дар километрҳои 471, 472-и мавзеи дашти Язгуломи ноҳияи Ванҷ, дар мавзеъҳои Санободу Пастхуфи ноҳияи Рушон низ фаромадани тарма ба қайд гирифта шудааст.
"Чунин ҳолат дар роҳи Хоруғ — Мурғоб, дар километри 634, 635 ва роҳи Хоруғ — Ишкошим дар километри 5,6 ва 8 низ ҷой дорад", — илова кардааст сухангӯи Кумита.
Ҳушдор дар ҳоле садо медиҳад, ки тайи ду рӯзи гузашта дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ду ҳолати маргбори фаромадани тарма ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи онҳо 5 нафар ҷон додаанд.