Ҳавопаймои “Сомон Эйр” дар Красноярск фуруди изтирорӣ кард

CC BY-SA 2.0 / ERIC SALARD / P4-SOMҲавопаймои "Сомон Эйр". Акс аз бойгонӣ
Ҳавопаймои Сомон Эйр. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Васоили назорати амнии дохили ҳавопаймои Боинг 737-300 ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" баъд аз оғози парвоз аз Красноярск ба самти Душанбе фаъол шуда ба фуруди изтирории ҳавопаймо дар фурудгоҳи “Емеляново” мунҷар шуд.

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Барои бори дуввум мавриди корношоямии ҳавопаймоҳои ширкати ҳавоии "Сомон Эйр" рӯзи 22 феврал дар фурeдгоҳи "Емеляново"-и Красноярск рух дод, хабар медиҳад маркази матбуотии "Сомон Эйр".

Нишондоди васоили огоҳсозии ҳавопаймои Боинг 737-300 ширкати "Сомон Эйр" ба ҳангоми парвоз аз Красноярск ба Душанбе аз тахриби деворҳои дохилии ҳавопаймо хабар доданд ва ҳавопаймо 22 феврал дар фурудгоҳи "Емеляново" фуруди изтирорӣ кард.

"Халабони ҳавопаймо тасмим гирифт, ки ба фурудгоҳ барои бартараф кардани нуқсон баргардад. Феълан ҳавопаймо дар фурудгоҳ интизори расидани ҷузъҳои ҳавопаймо аз ширкати тавлидкунанда аст ва сипас парвози худро идома медиҳад", — хабар медиҳад маркази матбуотии ширкати ҳавоӣ.

Мусофирони парвози хатсайри Красноярск-Душанбе дар меҳмонхона ҷойгир ва бо ғизо таъмин карда шудаанд. 8 нафар мусофир аз теъдоди умумии 23 мусофир тасмим гирифтанд, ки билетҳои парвози худро бозпас бидиҳанд. Мусофирони боқимонда шоми 22 феврал тавассути парвози ҳавопаймои ширкати ҳавоии "Норд Стар" (ширкати "Таймир") ба Душанбе мунтақил шуданд.

Дар моҳи декабри соли 2014 дар фурӯдгоҳи "Емеляново" ҳавопаймои Боинг 737-300 ширкати ҳавоии "Сомон Эйр", ки дар хатсайри Душанбе-Красноярск бо 36 мусофир парвоз анҷом медод, фуруди изтирорӣ кард.

Баъд аз исти ҳавопаймо дар таввақуфгоҳ ҳавопаймо ғайричашмдошт ба ақаб ҳаракат карда бархе аз васоили назоратии он тахриб шуданд ва идомаи парвози ҳавопаймо дар он замон ғайримумкин шуд.

Дар ин замина додситонии нақлиётии Енисейск бозрасии ширкати ҳавоии Тоҷикистонро ба манзури таъмини амнияти парвозҳо оғоз кард, вале то ҳол дар бораи натоиҷи он иттилоъе пахш нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0