ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Дар Душанбе номаҳои Муҳаммадҷон Шакурӣ-донишманди фақиди тоҷикро ба чоп омода мекунанд, менависад "Радиои Озодӣ".
Ин номаҳо бештар аз 800 адад аст ва солҳои 1950-1992-ро дар бар мегирад. Хонум Дилафрӯз Икромӣ, ҳамсари академик Шакурӣ дар суҳбат ба радио гуфтааст, ин мактубҳо дар китобе зери номи "Мукотибаҳои устод Шакурӣ" ба нашр мерасанд ва дар он номаҳои баргузида ворид хоҳанд шуд.
Дар миёни онҳо метавон аз номаҳои Садриддин Айнӣ, Иосиф Брагинский, Бобоҷон Ғафуров, Эдуард Бертелс, Иржӣ Бечка ва шарқшиносон аз кишварҳои дигарро ном бурд, ки ҳар кадоми он дорои арзиши илмист.
Ин номаҳо бахше аз осори дастнахӯрдаи устод Шакурӣ ва ё донишмандони дигар ба шумор меравад, ки давраҳои мухталифи рушди илми Тоҷикистонро дар бар мегирад ва то ҳол дар бойгонии худи устод Шакурӣ ҳифз шудааст.
Дар таҳия ва виростории ин китоб доктор Мирзоҳасани Султон, корманди илмии пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ёрӣ мерасонад.