Духутури маркази бемориҳои рӯҳӣ аснои порагирӣ боздошт шуд

Обуна шудан
Пизишк мехост бо роҳи омода кардани санади қалбакӣ барои як “бемор” ташхиси малулиро гузорад ва бо ин васила пул “кор кунад”, аммо аз сӯи маъмурини Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон боздошт гардид.

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Духтури маркази касалаиҳои рӯҳӣ Нуралӣ Саидов, ки аз моҳи феврали соли 2014 то ҳол вазифаи мудири шӯъбаи 3-юми Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои рӯҳиро ба уҳда дошт, аснои порагирӣ дастгир шуд, иттилоъ медиҳад сойти Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон.

Қайд мешавад, ки Саидов аз шаҳрванд Акрамов Р.Э.,  барои ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бемории рӯҳии як хешаш — Маҳмудов Шарифҷон 800 доллари амрикоӣ ба сифати пора талаб кардааст. "Ин санад барои таъини нафақаи маъюбӣ ба Маҳмудов Шарифҷон лозим будааст".

"Нуралӣ Саидов 19-уми январ зимни гирифтани 800 доллар пора дар саҳни ҳавлии беморхона дастгир гардида, далелҳои шайъӣ гирифта шуданд".

Оҷонсии зидди фасод таъкид мекунад,  ки феълан алайҳи боздоштшуда ба иттиҳоми порагирӣ (моддаи 319, КҶ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0