Раҳоии ду тоҷикистонии боздоштшуда дар Покистон

© Flickr \ FATA ReformsМантақаи Хайбари Покистон. Акс аз бойгонӣ
Мантақаи Хайбари Покистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҷумъаи гузашта барои вуруди бидуни иҷозаи ба сарзаминҳои қабиланишини Покистон боздошт буданд, рӯзи 23 феврал раҳо шуданд.

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Ду шаҳрванди Тоҷикистон баъди омӯзиши асноди онҳо ва сӯҳбат бо шибҳанизимиёни "Хоссадор" озод шуданд, иттилоъ медиҳад радиои Озодӣ ба истинод ба як  манбаъ дар маъмурияти сиёсии минтақаи қабиланишини Хайбар.  

"Қаблан Шералӣ Ҷононов, сафири Тоҷикистон дар Исломобод боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон дар минтақаи Хайбари сарзаминҳои қабиланишини Покистонро тасдиқ кард ва гуфт, мақомоти сафорат ва консулгарии Тоҷикистон талош доранд, то ба раҳоии ин ду нафар аз боздошт даст биёбанд",- менависад манбаъ.

Дипломати тоҷик ҳанӯз шоми ҷумъаи 20 феврал хабари боздошти ин ду тоҷикро ба даст оварда, билофосила ҳамон рӯз бо фармондеҳи нирӯҳои ниманизомии "Хоссадор" дар минтақаи Хайбар дар робита ба сарнавишти онҳо дар тамос шудааст.

"Ин ду шаҳрванди Тоҷикистонро Сайфулло ва Таваккал ном мебаранд. Мутаассифона, шаҳрвандони тоҷик ҳангоми сафар ба Покистон, бо вуҷуди ҳушдорҳои батакрори мо, худро расман дар консулгарӣ сабт намекунанд ва вақте дар чунин ҳоли мушкил меафтанд, кӯмак расондани мо ба онҳо мушкилтар мешавад. Ба гуфтаи мақомоти Хайбар, онҳо визаи Покистонро доштаанд, вале барои сафар ба Турхам иҷозаи шӯъбаи махсуси вазорати хориҷаи ин кишварро нагирифтаанд",-илова кардааст сафир

Бар асоси муқарароти ҳукумати Покистон, шаҳрвандони бархе аз кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон бо маҳзи вуруд ба он кишвар, бо вуҷуди доштани виза, бояд худро дар ниҳоди махсуси вазорати дохилаи Покистон сабти ном намоянд.  

Ин ду шаҳрванди Тоҷикистон визаи Покистонро дошта, то ин сафари ахирашон 23 рӯзро дар Исломобод, пойтахти ин кишвар сипарӣ кардаанд, вале ниҳоди махсусеро, ки иҷозаи сафар ба манотиқи аз нигоҳи амниятӣ хатарноке, чун Хайбару Турхамро медиҳад, аз азми худ барои сафар ба ин қаламрав аз қабл  огоҳ накардаанд.

Турхам дар наздикии марз бо Афғонистон ҷойгир шуда, як нуқтаи умдаи транзити мол аз бандарҳои ин кишвар ба Афғонистону Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон ба шумор меравад. Манобеи покистонӣ мегӯянд, аз Турхам то Шерхон Бандар — як гузаргоҳи асосии тиҷорӣ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон — ҳамагӣ 8 соат роҳ аст ва ҳамарӯза аз посгоҳҳои марзиву гумрукии Турхам то 100 контейнер мол фақат ба Тоҷикистон меравад.

 

Лентаи хабарҳо
0