Тармафароӣ дар Тоҷикистон ҷони се нафарро гирифт

© Sputnik / Владимир Иванов / Гузариш ба медиабонкТармафароӣ. Акс аз бойгонӣ
Тармафароӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Резиши баҳман дар манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон далели кушта шудани се нафар шуд - мошини боркаш бо ронанда ва ду нафар мусофираш дар пайи тармафароӣ ба ҷарӣ сарозер шуда ва ҳамкнун наҷотдиҳандагон аҷсоди кушташудагонро меҷӯянд.

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Дар ҷоддаи Душанбе-Хуҷанд дар пайи резиши тарма рӯзи якшанбеи гузашта се нафар кушта шуданд, хабар медиҳад Радиои Озодӣ бо истинод ба умури изтирории Тоҷикистон.

Ба иттилоъи манбаъи Комитети умури изтирорӣ, 22 феврал дар километри 158 ҷоддаи Душанбе-Хуҷанд болои мошини боркаши "Дулан" тарма мефарояд ва дар натиҷа ин васоили нақлия ба ҷарии 800 метра сарозер мешавад.

Дар дохили мошин ронанда ва ду нафар мусофираш қарор доштанд. Феълан умури ҷустуҷӯии аҷсоди фавтидагон идома дорад.

Хоруғ- маркази маъмурии ВМКБ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тармафароӣ боиси қатъи иртиботи Хоруғ ба манотиқи дигар шудааст

Ҳамчунин дар пайи резиши баҳман иртибототи маркази маъмурии ВМБК шаҳри Хоруғ бо манотиқи дигари кишвар қатъ шудааст. Тармаҳо ҷоддаҳо дар масири Душанбе ва навоҳии Мурғобу Ишкошимро масдуд кардаанд.

Қаблан шабакаи телевизионии "Бадахшон" дар бораи комилан тахриб шудани ду ҳавлӣ дар маҳаллаи Ниводаки шаҳри Хоруғ иттилоъ дода буд.
Ба гуфтаи раиси вилоят Шодихон Ҷамшед, ба куллияи хонаводаҳои осебдида манозили муввақатӣ ва кӯмакҳои маводдии ниёзи аввалия ироъа шудааст.

Тибқи пешгӯии ҳавошиносон, хатароти тармафароӣ дар манотиқи кӯҳистонии кишвар то авохири моҳи феврал боқӣ мемонад.

Лентаи хабарҳо
0