Қаҳрамони 19 сола

© Sputnik / Олег Игнатович / Гузариш ба медиабонкМуҷассамаи Александр Матросов
Муҷассамаи Александр Матросов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз қаҳрамонии Александр Матросов, ки 72 сол қабл 23 феврали соли 1943 сурат гирифта буд, на танҳо дар кишварҳои ИДМ, балки дар тамоми ҷаҳон медонанд ва исми қаҳрамонро ба некӣ ёд мекунанд. Вале мо боз ҳам тасмим гирифтем, ки барои насли ҷавони мо ҷузъиёти амали қаҳрамонии ҷавони одии 19-соларо ёдовар шавем.

Зодаи Екатеринбург Александр тарҷумаи ҳоли саршинос надошт: хонаи ятимон, зиндони меҳнатии кӯдакон.

Баъд аз оғози Ҷанги бузурги Ватанӣ ин ҷавон борҳо талош мекард, ки ба ҷабҳа равад ва баъд аз талошҳои мукаррар вай муввафақ шуд, ки ба омӯзишгоҳи низомии Краснохолмск дар ҳаволии Оренбург рухсатнома бигирад.

Ҷанг барои Матросов дар моҳи январи соли 1943 фаро расид. Вале ӯ аз он замон беш аз ду моҳ ҳам умр надид…

23 феврал (тибқи манобеи дигар 27 феврал) баталони дувум, ки дар он Александр хидмат мекард, бояд паноҳгоҳи душман дар маҳаллаи рустои Чернушки дар вилояти Калининро забт мекард.

Масири сарбозонро тирборони пулеметҳо аз паноҳгоҳҳои олмониҳо садди роҳ шуд.

Яке аз пулеметҳо мудом садди роҳи сарбозони шӯравӣ дар масири расидагӣ ба русто шуд. Ба гурӯҳи сарбозони шӯравӣ Петр Огуртсов ва Александр дастур шуд, ки хазида ба назди паноҳгоҳ бирасанд ва тирандозӣ аз онро хотима диҳанд.

То паноҳгоҳ танҳо Александр расид…

Ду норинҷаки партов шуда натавонистанд пулемети душманро хомӯш созанд. Иҷрои дастури низомӣ зери хатар буд ва дар набард зери тирпарронии шадид сарбозони шӯравӣ кушта мешуданд.

Қаҳрамонии сарбоз ногаҳонӣ буд: Матросов ба ду пой рост истод ва худро ба нуктаи тирпарронӣ партофт ва бо ҷисмаш аз тирпарронӣ ҷилавгирӣ кард.

Паноҳгоҳ забт карда шуд.

 

Бо фармони Раёсати Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ дар моҳи июни соли 1943 барои иҷрои намунавии дастурҳои низомӣ ва зимни иҷрои онҳо нишон додани қаҳрамонӣ барои ҷасорат ба сарбози шӯравӣ баъд аз марг Матросов Александр Матвеевич унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ эъто шуд.

Қаҳрамонии Александр Матросов дар набардҳо танҳо набуд: таърихшиносон аз мавориде ёдоварӣ мекунанд, ки сарбозон ҳам то 23 феврали соли 1943 ва ҳам баъд аз он бо ҷисми худ аз тирпарронии душманон ҷилавгирӣ мекарданд.

Вале танҳо Матросов бояд қаҳрамоне мешуд, ки исмаш ба унвони ҷасорат ва ба унвони меъёр дониста шавад.

Лентаи хабарҳо
0