Президенти Қирғизистон мухолифи ҳиҷоб дар мактабҳо аст

© Sputnik / Тарас Литвиненко / Гузариш ба медиабонкБаҳси ҳиҷоб дар муассисаҳои таълимӣ. Акс аз бойгонӣ
Баҳси ҳиҷоб дар муассисаҳои таълимӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хадамоти матбуотии райисҷумҳури Қирғизистон қайд мекунад, ки мавқеъи президент дар мавриди пӯшидани ҳиҷоб барои кӯдакони синни мактабӣ аз низоми конститутсионии давлатдорӣ, яъне давлати дунявӣ будани ин ҷумҳурӣ маншаъ мегирад.

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Райисҷумҳури Қирғизистон Алмазбек Атамбоев аз тарзи либоси миллӣ ва дунявӣ ҷонибдорӣ карда, қатъан муқобили "либосӣ мусулмонӣ" аст, аз ҷумла ин намуди пӯшиш барои кӯдакони мактабхон, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии сарвари давлат.

Ба қавли манбаъ, мавқеъи президент аз низоми конститутсионии давлаторӣ дар бораи давлати дунявӣ эътироф шудани Қирғизистон маншаъ мегирад.

"Ҳамзамон, аз мавқеъи мансабдорон, аз ҷумла амалкарди мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи  Ак-Талини вилояти Нарин, ки аз волидайн хоҳиши ба кӯдакон маҷбуран ба бар накардани ҳиҷобро намуд, пуштибонӣ мекунем",- омадааст дар хабари сарчашма.

Маврид ба ёдоварист, аввали моҳи ноябри соли 2014 дар ҷаласаи Шӯрои мудофиаи кишвар Атамбаев қайд кард, ки мусулмонӣ бо либос не, балки бо қалби соф, хулқи неку атвори нек ва рафтори шоёни таҳсин муайян мегардад.

Лентаи хабарҳо
0