ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вазир ва ҳайати шахсии вазорат чорабинии идона баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар.
Ба қавли сухангӯи ВМ ҶТ, Фаридун Маҳмадалиев, 22 феврал бо иштироки президенти Тоҷикистон дар маҷмааи давлатии Кохи Ваҳдат маҷлиси тантанавӣ ва консерти идона дар назар аст.
Манбаъ ҳамчунин хабар медиҳад, ки 23 феврал бо иштироки вазири мудофиа ва роҳбарону хизматчиёни ҳарбии сохторҳои қудратӣ дар боғи "Ғалаба"-и пойтахт маросими гулгузорӣ баргузор мегардад.
Дар Тоҷикистон рӯзи 23 феврал, ҳамчун рӯзи муҳофизони ватан ва рӯзи таъсиси артиши миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Имсол ба таъсиси Артиши миллӣ 22 сол пур мешавад.