ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Қариб 600 килограмм маводи мухаддирро, ки мақомоти қудратӣ давоми солҳои 2013 ва 2014 кашф ва мусодира кардаанд, имрӯз дар оташдони корхонаи "Текстилмаш"-и Душанбе ба оташ партофтанд, иттилоъ медиҳад сомонаи ВКД ҶТ.
Ба қавли манбаъ, аз ин миқдор мухаддирот, ки cӯзонида шуд, 38 килограми онро ҳероин, 28 кг афён, 461 кг бангдона ва 58 кило ҳашиш ва дигар навъҳои маводи мухаддир, ташкил медод.
"Нисбати афроде, ки дар интиқоли ин миқдор маводи мухаддир даст доштанд, 79 парвандаи ҷиноӣ боз шуда тафтишоти онҳо ба поён расидааст ва додгоҳ ҳам ҳукми худро содир намудааст",- меафзояд манбаъ.
Соли 2014 аз тарафи кормандони вазорати умури дохилии Тоҷикистон наздики ду тонна маводи мухаддир кашфу мусодира шудааст ва раванди тафтишоти бархе аз парвандаҳо ҳанӯз ба поён нарасидааст.
Тоҷикистон бо Афғонистон, ки яке аз манбаъҳои аслии тавлиди маводи мухаддир дар ҷаҳон ба шумор меравад, сарҳади муштарак дорад. Ба гуфтаи коршиносон, Тоҷикистон яке аз масирҳои аслии интиқоли мухаддирот аз Афғонистон ба Русия ва дигар кишварҳои Шӯравии собиқ ба шумор меравад.