Сивков: Туркия низоми дифоъи зиддимушакии худро таъсис медиҳад

Обуна шудан
Туркия қасд дорад низоми дифоъии зиддимушакии худро таъсис диҳад. Далели ин амр ба таҳдидҳо аз кишварҳои ҳамсоя марбут аст, мегӯяд яке аз раҳбарони Фарҳангистони масоили фаромилии сиёсӣ.

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Таҳдидоти зиёде аз кишварҳои ҳамсоя Туркияро барои таъсиси низоми дифоъи зиддимушакии (НДЗ) худ водор месозанд, мегӯяд муовини аввали ФМФС (Фарҳангистони масоили фаромилии сиёсӣ-шарҳ аз идора) Константин Сивков, хабар медиҳад РИА Новости.

"Ба Туркия хатароти воқеъӣ таҳдид мекунанд. Набояд фаромӯш сохт, ки дар ҳамсоягӣ бо Туркия Ироқи хатарзо воқеъ асту курдҳо аз Туркия мустақилият мехоҳанд, он ҷо Сурияи мухолиф аст, ки ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ"-ро дорад, он ҷо ҳамчунин Эрон воқеъ мебошад, ки равобиташ бо Туркия чандон хуб нест. Ба ин далоил таъсиси нерӯҳои дифоъи зиддимушакӣ дар Туркия мантиқӣ мебошад", — изҳор дошт Сивков.

Вазири дифоъи Туркия Исмат Йилмаз рӯзи панҷшанбе дар бораи нақшаи таъсиси низоми дифоъи зиддимушакӣ якҷо бо Чин хабар дод, вале гуфт, ки ин низом ба низоми мушобеҳи НАТО шомил намешавад.

"Вақте онҳо изҳор доранд, ки дар таъсиси низоми дифоъи зиддимушакӣ бо Чин ҳамкорӣ мекунанд, ин ба он маъно аст, ки бо Русия низ ҳамкорӣ мекунанд. Зеро низоми дифоъи зиддимушакии Чин бар пояи фанновариҳои қадимии Русия бунёд шудааст. Мо фанновариҳои ҷадидро албатта ки намедиҳем. Ба ин далел барои Туркия ҳамкорӣ бо Русия бештар судовар аст. Зимни таъсиси низоми дифоъи зиддимушакӣ Туркия ба зарфияти ҳамкориҳои амалии фаннии миёни Русия ва Чин метавонад умед дошта бошад. Онҳо барои таъсиси чунин низом захоири зарурии илмӣ дар ихтиёр надоранд", — гуфт коршинос.

Зимни шарҳи ин нукта, ки низоми дифоъи зиддимушакии Туркия ба низоми мушобеҳи НАТО шомил нахоҳад шуд, Сивков зикр кард, ки Туркия дар ин авохир ҳар чӣ бештару бештар аз лиҳози ақидатӣ ва сиёсӣ худро аз Аврупо, яъне аз НАТО низ, канор мегирад.

"Ин далели он аст, ки Туркия бо НАТО ихтилофоти дохилӣ дорад", — изофа кард вай.

Озмун барои харидории васоили зиддимушакӣ барои низоми дифоъи зиддимушакии Туркия соли 2009 ба маблағи 4 миллиард доллар эълом шуда буд. Дар ин озмун ширкати чинии CPMIEC пирӯз шуд, ки ба рақибони русӣ, амрикоӣ ва аврупоӣ имконоте дар ихтиёр нагузошт. Эъломи пирӯзии Чин дар ин озмун ба фишорҳо бар Туркия аз сӯйи шариконаш дар НАТО мунҷар ва дар ниҳоят натоиҷи ин озмун лағв карда шуд. Дар миёни дигарон дар ин озмун ширкати амрикоии Raytheon & Lockheed Martin ва ширкати аврупоии Eurosam барои пирӯзӣ талош доштанд. Ба гуфтаи вазири дифоъи Туркия дар ин озмун пешниҳодоти ширкати чинӣ беҳтарин буд. Пешниҳодоти дигаре то ҳол ворид нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0