https://sputnik.tj/20150220/1014474776.html
Кишварҳои соҳили Балтик ба эҳтимоли ҳамлаи низомии ФР бовар надоранд
Кишварҳои соҳили Балтик ба эҳтимоли ҳамлаи низомии ФР бовар надоранд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти баландпояи кишварҳои соҳили Балтик бар ин назаранд, ки Русия аз лиҳози амниятӣ ба онҳо таҳдид намекунад, ҳарчанд фармондеҳии НАТО борҳо изҳор доштанд... 20.02.2015, Sputnik Тоҷикистон
2015-02-20T10:15+0500
2015-02-20T10:15+0500
2015-02-20T10:19+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101447/19/1014471991_0:0:0:0_1920x0_80_0_0_034cc8cc83f2b889b558f84f14cb67c8.jpg
украина
латвия
эстония
литва
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2015
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, ҳамаи хабарҳо, амният ва мудофиа, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, украина, латвия, эстония, литва, алгирдас буткявичюс, раймонд вейонис, нато, изҳори беэътилоии нахуствазири литва
дар ҷаҳон, ҳамаи хабарҳо, амният ва мудофиа, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, украина, латвия, эстония, литва, алгирдас буткявичюс, раймонд вейонис, нато, изҳори беэътилоии нахуствазири литва
Кишварҳои соҳили Балтик ба эҳтимоли ҳамлаи низомии ФР бовар надоранд
10:15 20.02.2015 (Навсозишуда: 10:19 20.02.2015) Мақомоти баландпояи кишварҳои соҳили Балтик бар ин назаранд, ки Русия аз лиҳози амниятӣ ба онҳо таҳдид намекунад, ҳарчанд фармондеҳии НАТО борҳо изҳор доштанд, ки аксуламали ин амр вуҷуд дорад.
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Русия алайҳи кишварҳои соҳили Балтик иқдомоти низомӣ рӯйи даст нахоҳад гирифт, иқтибос овардааст РИА Новости аз изҳороти нахуствазири Литва Алгирдас Буткявичюс.
Қаблан вазири дифоъи Бритониё Майкл Фаллон изҳор дошта буд, ки ба кишварҳои соҳили Балтик — Латвия, Литва ва Эстония аз Русия хатароти ҷиддӣ таҳдид мекунад ва НАТО барои муқобала бо ҳамалоти эҳтимолӣ омодагӣ мегирад.
Нахуствазири Литва зикр кардааст, ки намедонад чунин натиҷагириҳо аз чӣ манбаъ мегиранд.
"Шояд иттилоъе бошад, ки мо аз он огаҳӣ надорем. Вале ман бар ин назарам, ки чунин баёнияҳо набояд вуҷуд дошта бошанд. Агар чунин иттилоъе бошад, пас онро тавассути наҳваҳои дипломатӣ бояд ба ҳамтоён ироъа кард", — гуфт Буткявичюс.
Рӯзи панҷшанбе вазири дифоъи Латвия Раймонд Вейонис изҳор карда буд, ки Латвия низ таҳдидеро аз сӯйи Русия намебинад.
Дар бораи фаъолияти нерӯҳои ҳавоии Русия дар фазои манотиқи аврупоӣ, аз ҷумла бар фарози баҳри Балтик қаблан намояндаҳои НАТО хабар дода буданд.
Фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Русия генерал-полковник Виктор Бондарев чунин хабарҳоро "фармоишӣ" унвон карда гуфт, ки аз ин роҳ мехоҳанд тавваҷӯҳро аз таҷдиди нерӯҳои НАТО дар канори марзҳои Русия канор бубаранд.
Дар робита ба вазъи Украина НАТО иқдомотеро марои тақвияти амнияти кишварҳои узви ин созмон рӯйи даст гирифт. Аз ҷумла, назорати ҳавоии кишварҳои соҳили Балтик ташдид карда шуд. Ба ғайр аз ин, НАТО дар бораи афзоиши теъдоди кормандони доимӣ, тавсеъаи барномаҳои омӯзишӣ ва тақвияти огоҳсозии сареъ хабар дод.