ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддира ду сокини вулусволии Бадахшони Афғонистон дар ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон дастгир гардиданд, иттилоъ медиҳад Оҷонсии зидди маводи мухаддир.
Ба қавли манбаъ, дар амалиёти вижаи кормандони Оҷонсии зидди маводи мухаддир шаби гузашта дар деҳаи Зумутки Ишкошим сокини деҳаи Пегиш ва сокини деҳаи Ҳандуди вулусволии Вахон боздошт шудаанд ва то лаҳзаи пайдо намудани ҳамкоронашон дар ин сӯи марз, ному насаби онҳо пинҳон дошта мешавад.
"Дар ҳоли ҳозир кормандони оҷонсӣ дар ҷустуҷӯи афроде ҳастанд, ки шаҳрвандони боздоштшудаи Афғонистон мехостанд ба онҳо маводи мухаддирро бифурӯшанд",- менависад сарчашма.
Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи муштарак дорад ва дар гузашта низ мақомоти интизомии тоҷик шаҳрвандони Афғонистонро барои қоҷоқи маводи мухаддир боздошт карда буданд.