Расонаҳо: Каримов таблиғоти интихоботи раёсати ҷумҳуриро оғоз кард

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкРаиси ҷумҳури Ӯзбакистон Ислом Каримов. Акс аз бойгонӣ
Раиси ҷумҳури Ӯзбакистон Ислом Каримов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Баъд аз таввақуфи тӯлонӣ корзори таблиғотии номзади аслӣ ба мақоми раҳбари Ӯзбакистон, раиси ҷумҳури феълии кишвар Ислом Каримов аз манотиқи ҷанубии ҷумҳурӣ оғоз мешавад.

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Таблиғоти Ислом Каримов барои курсии раиси ҷумҳури Ӯзбакистон дар интихоботи қарибулвуқӯъ рӯзи панҷшанбе оғоз шуд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба нашрияи маҳаллии "Новий век".

"Раиси ҷумҳури Ӯзбакистон Ислом Каримов имрӯз, 19-уми феврал ба бархе аз манотик барои таблиғоти қабл аз интихоботӣ парвоз кард", — менависад нашрия бо истинод ба намояндаи Ҳизби либерол демократии Ӯзбакистон, ки Каримов номзади ин ҳизб мебошад.

Каримов аз ҷумла аз вилояти Қашқадарё дар ҷануби кишвар дидан карда, дар назди интихобкунандагон маърӯзаи барномавӣ мекунад, шарҳ медиҳад нашрия.

Ин ҳафта таблиғоти интихоботиро ҳамчунин се номзади дигар аз чаҳор номзади сабти ном шуда ба мақоми раиси ҷумҳури Ӯзбакистон оғоз карданд.

Ислом Каримов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ислом Каримов муҷаддадан раиси ҷумҳур шуданист

Рӯзи ҷумъаи гузашта ҳар чаҳор ҳизби сиёсии дар Ӯзбакистон сабти ном шуда — Ҳизби либерол демократи Ӯзбакистон, Ҳизби миллии демократии "Миллий тикланиш", Ҳизби халқӣ демократии Ӯзбакистон ва Ҳизби сотсиал демократии Ӯзбакистон "Адолат" дар КМИ номзадҳои интихоботии худро расман сабти ном карданд. Ба ҷуз аз Каримов узви ҷиноҳи "Миллий тикланиш" дар порлумон Акмал Саидов, раиси шӯрои Марказии Ҳизби халқи демократ Ҳотамҷон Кетмонов ва раиси иҷроияи "Адолат" Наримон Умаров номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Ӯзбакистон шудаанд.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Ӯзбакистон 29 март баргузор мешаванд. Раҳбари кишвар барои панҷ соли оянда интихоб карда мешавад.

Интихоботи ахири раиси ҷумҳури Ӯзбакистон дар соли 2007 баргузор шуд ва дар он Ислом Каримов, ки раҳбарии кишварро аз соли 1989 бар ӯҳда дорад, барои ҳафт сол раиси ҷумҳур интихоб шуд.

Лентаи хабарҳо
0