Қаршибоев: ба ҷосускобӣ миёни хабарнигорон хотима бояд дод

© Страница Н. Каршибоева в FacebookНуриддин Қаршибоев. Акс аз бойгонӣ
Нуриддин Қаршибоев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон бар ин назар аст, ки талоши таҳти назорат қарор додани хабарнигорон ва расонаҳо ба тавсеъаи озодии баён дар кишвар мусоидат намекунад.

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (АМРМТ) Нуриддин Қаршибоев зимни нигаронӣ аз вазъи ахири расонаҳо даъват кард, ки дар шахсияти хабарнигорон ҷосуҳо ва намояндаҳоро ҷустуҷӯ карданро бояд хотима дод, дар ин бора вай дар сӯҳбат бо Nahzat.tj изҳори назар кардааст.

Раҳбари АМРМТ аз талоши "мақомот, бархе аз шахсиятҳо ва доираҳои молӣ барои таҳти назорат гирифтани фаъолияти расонаҳо ва хабарнигорон, ки ба раванди ироъаи озодонаи ахбор халал ворид месозад" изҳори нигаронӣ кард. Ба эътиқоди вай, ба хабарнигорон ва расонаҳо бояд шароити фаъолияти озодона фароҳам карда шавад.

"Аз хабарнигорон сохтани ҷосусро бояд хотима дод", — гуфт Қаршибоев.

Ҳамчунин, ба эътиқоди вай, бояд аз таҷрубаи истифодаи расонаҳо барои манфиъати шахсӣ ва бадном кардани рақибони сиёсӣ даст кашид.

Ҳамзамон, Қаршибоев бар ин назар аст, ки ҳамаи расонаҳои кишвар то ҷое аз манофеъи гурӯҳҳо ва шахсиятҳо пуштибонӣ мекунанд, ҳарчанд матбуоти мустақил фаромӯш намекунад, ки манофеъи ҷомеъаро бояд болотар аз манофеъи ин гурӯҳҳо гузошт.

"Дар ҳар давру ҳар замон матбӯъот дар хидмати гурӯҳҳое қарор дошт. Феълан низ чунин вазъ мушоҳида мешавад. Вале расонаҳои мустақил аҳдофе, ки барои худ гузоштаанд, иҷро мекунанд. Ва дар ин ҷода онҳо манофеъи ҷомеъаро аслӣ медонанд", — гуфт вай.

Зимни натиҷагирӣ аз соли гузашта раҳбари АМРМТ ба муҳокимаҳои додгоҳӣ бо ширкати расонаҳо ва хабарнигорон зикр кард. Ҳарчанд нисбати солҳои қаблӣ дар соли 2014 чунин муҳокимаҳо камтар буданд, вале дар даъвоҳои қаблӣ мавориди таассуфовар ҷой доштанд, гуфт Қаршибоев.

"Ман муҳокимаҳои пулиси Хуҷанд алайҳи хабарнигор Қамари Аҳрор, Qnet зидди Орзу Исоев, "Тоҷиксодиротбонк" алайҳи нашрияи "Нигоҳ" ва зиёиён алайҳи Олга Туталинаро дар назар дорам.

Ҳар яке аз ин муҳокимаҳо вижагиҳои худро доранд ва барои хабарнигорон бояд дарс шавад. Ба ин далел бар ин назарам, ки дар соли гузашта расонаҳо комилан рисолати худро иҷро карданд", — гуфт вай.

Лентаи хабарҳо
0