ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Тайи як моҳи гузаштаи соли равон 239 шаҳрванди Тоҷикистон бинобар нақзи қонун аз сарҳади давлатии Русия ба ватан бозпас гардонида шудаанд, иттилоъ медиҳад АМИТ "Ховар" бо истинод ба шӯъбаи таҳлил ва иттилооти ХМ ҶТ.
Ба қавли манбаъ, аз ин теъдод 200 нафарашон мардон ва боқимондаро занон ташкил медиҳанд.
Дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2014 ин рақам 100 нафар бештар аст. Тайи моҳи январи соли гузашта аз қаламрави Русия 139 шаҳрванди Тоҷикистон ихроҷ шуда буд.
Маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия ҳокӣ бар он аст, ки тӯли соли 2014 аз ҳудуди Русия наздик ба 200 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон "депорт" шудааст.