Боздошти ду шаҳрванди ҶТ бо 30 кг афюн дар Ӯзбакистон

© Sputnik / Яков Андреев / Гузариш ба медиабонкМухаддирот. Акс аз бойгонӣ
Мухаддирот. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз борхалтаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар мавзеъи Ургути ноҳияи Самарқанд боздошт шуданд, 30 кило афюн мусодира гардидааст.

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Ду шаҳрванди Тоҷикистон барои қочоқи 30 кило афюн ё тарёк ва убури ғайриқонунии марз аз тарафи мақомоти Ӯзбакистон боздошт шудаанд, иттилоъ медиҳад сойти ВУД ҶӮ.

Ба иттилои манбаъ, ду сокини вилояти Суғд ҳангоми гӯиё убури ғайриқонунии марзи Ӯзбакистон дар Самарқанд ба даст афтодаанд.

"Баъдан, ҳангоми кофтукоб, аз борхалтаи онҳо 30 кило афюн ёфт ва мусодира шудааст",-менависад сарчашма.

Ҳоло тафтиши ин қазия идома дошта, вале мақомоти расмии Тоҷикистон ин иттилоъро тасдиқ ё такзиб накардаанд.

Лентаи хабарҳо
0