Хиёбонҳои Пекин "пур" аз аждаҳо шуд

© Sputnik / Александр Исаев / Гузариш ба медиабонкТаҷлили Соли нав дар Чин. Акс аз бойгонӣ
Таҷлили Соли нав дар Чин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имсол фарорасии Соли нави қамарӣ мутобиқ ба шаби 18 ба 19 феврал шуд. Тибқи солшумории шарқӣ имсол – Соли гӯсфанд аст. Миллионҳо нафар чинитабарон ба шаҳрҳои худ барои бо аҳли хонавода таҷлил гирифтани соли нав баргаштанд.

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Ажадарҳои зарду сурх дар бозорҳои Пекин мерақсиданд.

Намоишгоҳи маъмулии қабл аз солинавӣ фаъолияти худро дар назди Бунгоҳи Замин дар Пекин фаъол шуд.

Дар ин навори видеоӣ бубинед, ки чинитаборҳо чӣ гуна фарорасии Соли нави қамариро ҷашн мегиранд.

Имсол фарорасии соли нав аз шаби 18 ба 19 феврал мутобиқ омад. Тибқи солшумории шарқӣ имсол — Соли гӯспанд аст.

Ба забонҳои дигар ин солро ҳамчунин соли бузи чӯбӣ ва ё гӯспанди мода мегӯянд, вале дар забони чинӣ ҳамаи ин номҳо ба як иероглифи "ян" ном мебаранд, ки ба ҳамаи чорвои кӯчаки шохдор марбут аст.

Имрӯз гуфтан душвор аст, ки аз чӣ замоне чиниҳо Ҷашни Наврӯзро таҷлил мекунанд.

Ба эътиқоди пажӯҳишгарон, таърихи ин ҷашн беш аз ҳазор сол дорад. Чунтсзе ҷашнӣ аслӣ дар Чин ва қабл аз ҳама ҷашни хонаводагӣ маҳсуб мешавад.

Миллионҳо нафар чинитаборон ба шаҳрҳои зодгоҳи худ баргашта, фарорасии соли навро дар хонаводаҳояшон ҷашн мекунанд.

Давраи омаду рафтҳои солинавӣ дар Чин номи вижаи "чунюн"-ро ба худ ихтисос дода дар ҷаҳон бузургтарин рӯйдоди муҳоҷиратӣ маҳсуб мешавад.

Маъмулан, чиниҳо дар остонаи ин ҷашн дар манзили худ тамизкорӣ карда, дару тирезаҳоро ранги сурх мекунанд, ки ҷину аҷинаҳо берун шаванд.

Таомҳои ҷашнӣ омода карда либоси нав харидорӣ ва ё медузонанд. Дар дарҳо овезаҳое бо таманниёти хуб навишта мешаванд, дар ҷойҳои намоён иероглифҳои қоғазии часпони "бахт", "сарват", "дарозумрӣ" насб мешаванд.

Дар ҷашни Чунтсзе маъмулан "ясуйтсян" — пули барои масрафи кисагӣ дар лифофаи сурхро тақдим мекунанд. Тибқи одат ин тӯҳфаро ба кӯдаконе тақдим мекунанд, ки дар нахустин 15 рӯзи соли нав ба манзилашон меоянд.

Ба ҳангоми таҷлил аз ин ҷашн сайругашти оммавии серсадо ва намоишгоҳҳо бо иҷрои рақси аждару шерҳо баргузор мешаванд.
Фазои ҷашн ҳудуди ним моҳ идома меёбад, сипас чиниҳо аз ҷашни дигар — Юансяотсзе (Ҷашни чароғакҳо) таҷлил мекунанд, ки мавсими ҷашнҳои солинавиро анҷом медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0