Як ронандаи “Порше” “рекорд”-и қоидавайронкунии роҳро гузошт

© Flickr \ Axion23Porsche. Акс аз бойгонӣ
Porsche. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нуралӣ Назаров, сокини шаҳри Душанбе, барои 186 бор нақзи қоидаи роҳ дар як соли охир айбдор мешавад. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, ҷаримаҳои ӯ ба 40 ҳазор сомонӣ баробар шудааст.

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини шаҳри Душанбе ба номи Нуралӣ Назаров хабар доданд, ки соҳиби мошини тамғаи "Порше" буда, тайи як соли охир 186 бор қоидаи роҳро нақз кардааст, менависад "Радиои Озодӣ".

Ба қавли вазорат, тамоми ин қоидавайронкунии Назаров тавассути дурбинҳои назоратии "Шаҳри бехатар" сабт шуда, дар маҷмуъ, ҷаримааш ба 40 ҳазор сомонӣ мерасад.

Ин сокини Душанбе баъди боздошташ аз сӯи Воҳиди махуси вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, тайи ин муддат аслан ба чароғакҳои роҳ "итоат накардааст".

"Ҳангоми хидмат дар хиёбони Рӯдакӣ аз "Шаҳри бехатар" хабар доданд, то воситаи нақлиёти рақами давлатиаш 5666 ВА 01 манъ карда шавад. Дар ин ҳолат санҷида шуд, ронандаи автомошинаи мазкур зиёда аз 186 қоидавайронкунӣ доштааст. Нисбат ба ронанда маводи зарурӣ тартиб дода шуд", — гуфтааст як нозири навбатдор.

Ҳоло мошини Нуралӣ Назаров дар ҷаримагоҳи Бозрасии давлатии автомобилӣ қарор дорад.

Тарҳи "Шаҳри бехатар" моҳи ноябри соли 2013 бо 22 миллион доллар қарзи Чин ба фаъолият пардохт ва ба қавли мақомот, ҳоло тақрибан дар ҳама кӯчаву хиёбонҳои пойтахт дурбинҳояш кор мекунанд. Ҳамагӣ баъд аз ҳашт соати фаъол шудани дурбинҳои "Шаҳри бехатар" мақомот эълон карданд, 17 000 мавриди нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро сабт намудаанд.

Аммо насби видеокамераҳо дар кӯчаҳои шаҳр ба вокунишҳои манфие ҳам дучор омад. Як гурӯҳ харҷи ин барномаро беш аз ҳад хонда, гуфтанд, харҷи 22 миллион доллар барои насби 855 камера ба ин маънист, ки насби ҳар видеокамера барои буҷаи Тоҷикистон қариб 26 000 доллар тамом шудааст.

Ҳарчанд ронандагон дар оғоз аз он шикоят доштанд, ки ҷаримаҳои "Шаҳри бехатар" дар шароити Тоҷикистон сангин аст ва зарбаи сахте ба ҷайби қишри нодор мезанад, аммо ҳоло зоҳиран "илоҷ"-и корашонро ёфтаанд.

Масъулони БДА мегӯянд, маблағи ҷаримаро Кодекси маъмурӣ муайян мекунад ва барои ҳар як қоидавайронкунӣ ҷаримаи алоҳида пешбинӣ шудааст.

"Чароғаки роҳнаморо сурх гузаштан аз 3 то 5 нишондиҳандаи маоши ҳадди ақал ҷарима дорад. Се маоши ҳадди ақал 120 сомонӣ мешавад, 5 маоши ҳадди ақал — 200 сомонӣ. Барои нақлиёти мусофиркаш ҷарима аз як то ду нишондиҳанда муқаррар шудааст. Яъне, аз 40 то 80 сомонӣ. Дар маҷмӯъ, ҷарима аз 20 сомонӣ оғоз шуда, то 700 сомонӣ мерасад", — мегӯянд масъулон.

Ба иттилои онҳо, бо "ёрӣ"-и дурбинҳои "Шаҳри бехатар" дар 11 моҳи соли гузашта 26 миллион сомонӣ ҷарима ҷамъоварӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0