Посухи “не”-и раёсати ДДХ ба Муҳиддин Кабирӣ

© Страница М. Кабири в FacebookМуҳиддин Кабирӣ аснои суханронӣ дар парлумон
Муҳиддин Кабирӣ аснои суханронӣ дар парлумон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати Донишгоҳи шаҳри Хуҷанд гуфтааст, дар асоси бархе аз моддаҳои қавонин ва дар ду баст фаро гирифта шудани донишҷӯён ба машғулиятҳои таълимӣ ташкил кардани чунин мулоқот бо раиси ҲНИТ ғайриимкон мебошад.

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба дархости бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки барои ташкил ва баргузории вохӯрии донишҷӯёни ин донишгоҳ бо Муҳиддин Кабирӣ, раиси ин ҳизб иҷоза хоста буд, ҷавоби рад додааст, иттилоъ медиҳад хабаргузории Озодагон.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ иброз дошта шудааст, ки дар номаи ҷавобии Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба онҳо гуфта шудааст, ки ин дархости ҳизб хилофи қонунҳои амалкунандаи кишвар мебошад.

"Тибқи моддаи 3 банди 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар муассисаҳои таълимӣ тарғиб, таъсис ва фаъолияти сохторҳои ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои сиёсии ҷамъиятӣ ва динӣ манъ аст ва инчунин мутобиқи 19 банди 3 қонуни ҶТ «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ» ҷалб намудани донишҷӯён ва шунавандагон ба кор ё фаъолияте, ки ба ин раванд ва фаъолияти таълим вобастагӣ надорад, манъ гардидааст",-омадааст дар номаи Мақсудов А. Т, раиси донишгоҳи мазкур, илова кард Файзраҳмонов.

Раёсати Донишгоҳи шаҳри Хуҷанд гуфтааст, дар асоси гуфтаҳои боло ва дар ду баст фаро гирифта шудани донишҷӯён ба машғулиятҳои таълимӣ ташкил кардани чунин мулоқот ғайриимкон мебошад.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, рӯзи 11 декабри соли гузашта зимни як чорабинӣ 150 устоду донишҷӯи Донишкадаи иқтисод ва савдои вилоят ба сафи ҲХДТ шомил шуданд: "Дирӯз дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ бо баргузории як чорабинии мутантан 150 нафар устодону донишҷӯёни донишкада ба сафи ҲХДТ шомил шуданд".

Лентаи хабарҳо
0