ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Рақибони "Истиқлол"-и Душанбе дар сабқати гурӯҳии Ҷоми КФО-2015 (Конфедератсияи футболи Осиё) дастаҳои "Эрбил" аз Ироқ, "Ал-қодсия"-и Кувайт ва "Ахал" аз Туркманистон хоҳанд буд, менависад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар ин бора рӯзи 17-уми феврал пас аз бозиҳо дар плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳо маълум гардид ва рӯйхати барандагони роҳхат эълом шуд.
Ҳамин тавр, "Истиқлол" дар Ҷоми АФК-2015 дар гурӯҳи "С" бо тимҳои "Ал-Қодсия"-и Кувайт, барандаи феълии Ҷоми АФК, "Эрбил"-и Ироқ, финалисти мусобиқаи охирини Ҷоми АФК ва ғолиби плей-офф (Умон, Туркманистон ва Қирғизистон) рақобат хоҳад кард. Бозиҳои гурӯҳи "С" аз 25-уми феврал то 13-уми май баргузор мешаванд.