Левитская: орзуи рӯзеро дорам, ки дар назди театр билети изофӣ пурсанд

© Sputnik / Амир ИсаевМария Левитская. Акс аз бойгонӣ
Мария Левитская. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Театри опера ва балети ба номи Айнӣ дар соли ҷорӣ 75-умин мавсими ҳунарии худро оғоз кард. Аллакай дар тӯли 75 сол театр тамошобини худро хушҳол месозад. Тайи ин солҳо рӯзҳои эътироф ҳам буданду рӯзҳои фаромӯшӣ низ. Вале феълан балети тоҷикӣ муҷаддадан эҳё мешавад.

Дар мусоҳиба бо Sputnik Мария Левитская дар бораи балети тоҷикӣ, дар бораи мушкилот ва хурсандиҳо, дар бораи тамошобинҳо сокини шаҳри Маскав, вале феълан иҷрокунандаи балетмейстери аслии театр ва дорандаи ҷоизаҳои озмунҳои байналмиллалӣ изҳори назар кард.

- Вазъи балети имрӯзаи тоҷикро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

— Сарзамини тоҷикон бо намояндагонаш шӯҳрат дорад ва ба ин далел мо умедворем, ки ояндаи балети тоҷик низ хуш хоҳад буд. Мо ҳамчун шахсони ҳирфаӣ талош мекунем ва хушҳолем, ки ба суфуфи ҳунармандон фориғултаҳсилини Коллеҷи хореографии шаҳри Перм шомил шуданду боз ҳам пур мекунанд.

Дон Кихот дар театри опера ва балети ба номи Айнӣ

Мо барои ним соли оянда нақшаҳои зиёди баргузории балетҳо ва консертҳоро дорем. Мо онҳоро барои бойгонии Кумитаи радио ва телевизион ба навори видеоӣ сабт карда барои киностудия ба шакли филм сабт мекунем.

- Оё барои рушди балет дар кишвар аз наҳваи тиҷоратӣ истифода мекунед?

— Мо барои тавсеъаи манобеъи интернетӣ иқдом кардем ва тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ талош мекунем дар бораи худ иттилоъ бидиҳем. Ҳамчунин, умури таҳияи сойти интернетии театр идома дорад. Умедворем, ки дар зудтарин фурсат ин сойт фаъол мешавад ва он ҷо иттилоъи комил дар бораи мо ҷой хоҳад дошт.

- Истифода аз интернет пешниҳоди шумо буд?

— Бале, то ҷое ин пешниҳоди ман буд, зерои бидуни интернет ҳоло коре анҷом намешавад. Тӯли як соли ахир мо талош доштем, ки сойти худро фаъол созем, вале фурсати муносиб фаро намерасид.

- Боз чӣ иқдомеро ҳадаф доред?

— Як мушкили ҷиддӣ, ки ҳалли онро мо ҳадафи худ қарор додаем, ғанӣ кардани суфуфи ҳунармандони театр буд ва ҳоло ин мушкил аз ҳисоби коллеҷ ҳал мешавад.

Бад ин манзур мо иҷрои тарҳҳоеро дар назар дорем, ки ба тавсеъаи низоми хореографӣ дар коллеҷи ба номи Малика Собирова дар Душанбе мусоидат мекунанд.

Ҳамчунин, таъсиси интернат барои кӯдакон зарур аст, ки дар он ҷо наврасонро аз манотиқи дуруфтодаи кишвар ҷамъоварӣ ва ба онҳо ҳунар омӯзиш дода роҳи ояндаи зиндагиашонро нишон додан зарур аст. Ин беҳтарин тӯҳфа барои балети тоҷик хоҳад буд.

© Sputnik / Амир ИсаевМария Левитская дар нақши Мирта дар намоишномаи "Жизел" дар театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ
Мария Левицкая в образе Мирты на спектакле Жизель в Театре оперы и балета им. С. Айни - Sputnik Тоҷикистон
Мария Левитская дар нақши Мирта дар намоишномаи "Жизел" дар театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ

- Бигӯед, бароятон тамошобини тоҷик писанд омад?

— Аз мушоҳидаи эҳёи балети тоҷик хушам меояд ва мебинам, ки мардум бо талош ба театр меоянд ва аз мо пуштибонӣ мекунанд.

Аз ман зиёд мепурсанд: "балети минбаъда кай мешавад?" "кӣ мерақсад?" ва ман тавваҷғҳи беандозаи онҳоро мушоҳида мекунам.

Онҳо дарк мекунанд, ки талоши мо барои онҳо аст. Ва онҳо низ талош мекунанд, ки бахше аз эҳсосоти худро ба мо бидиҳанд, ки аз ин роҳ моро хушҳол кунанд.

Ва ман хеле хушҳолам, ки ҳоло тамошобинон ба намоишҳои мо бештар меоянд. Ва орзумандам, ки рӯзе фаро расад то мардум дар назди театр билети изофӣ бипурсанд.

Орзу мекунам ва бар ин назарам, ки чунин рӯз наздик аст. Ҳамин хел мешавад. Ҳатман!

Лентаи хабарҳо
0