ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Дар пайи "разбор"-и гуруҳии шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбакистон дар вилояти Тулаи Русия бо куштори як шаҳрванди 24-солаи Ӯзбакистон анҷом ёфтааст, менависад сомонаи "Тульская пресса".
Раёсати тафтишотии ин вилоят дар куштори шаҳрванди Ӯзбакистон шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистонро муттаҳам мекунад, ки феълан алайҳаш аз рӯи модаи 105 қисми 1-и Кодекси ҷиноии Русия — куштор парвандаи ҷиноӣ таъсис шудааст.
Ба гуфтаи муфаттишон, ҷиноят шоми 13-уми феврали соли ҷорӣ содир шудааст.
"Шаҳрванди Тоҷикистон дар пайи як низоъи миёни зодаҳои Осиёи Миёна бо лӯлаи оҳанин ба сари шаҳрванди Ӯзбакистон задааст, ки дар натиҷа дуюмӣ дар беморхона ҷон додааст. Баъди ин қазия гумонбар аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад", — менависад "Тульская пресса" аз қавли мақомот.
Мақомоти тафтишотии Русия мегӯяд, феълан барои боздошти дигар иштирокдорони қазия амалиёт идома дорад.