ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Дастаи "Хайр"-и Ваҳдат, барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон, дар бозии плей-оффи Ҷоми КФО (Конфедератсияи футболи Осиё)-2015, ки шоми сешанбеи 17-уми феврал дар пойтахти Лубнон — Бейрут — ба анҷом расид, аз тими «Салом Ҷҳарта» бо ҳисоби 0-3 шикаст хӯрд, иттилоъ медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.
"Голҳоро Аҳмад Хатиб дар дақиқаи 23-юм, Лукас Галан дар дақиқаи 48-ум ва Алекс Боутрос дар дақиқаи 87-ум ба ҳадаф расонданд. Сардовари ин бозӣ Нагор Амир Нур Муҳаммади 32-сола аз Малайзия буд",- афзуд манбаъ.
Ба ин тартиб, дастаи "Хайр" аз ҳаққи ширкат дар сабқати гурӯҳии Ҷоми КФО-2015 маҳрум шуд. "Салом Ҷҳарта", ки ба даври баъдӣ роҳ ёфт, дар гурӯҳи «А» муқобили тимҳои «Ал-Ваҳдат»-и Урдун, «Ал-Ваҳда»-и Сурия ва «Ал-Наҳда»-и Умон бозӣ хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки «Хайр» бо шумули 23 нафар, аз он ҷумла 18 футболбоз, ба Лубнон сафар карда буд ва ин бозӣ рӯзи 17 феврал дар Бейрут дар варзишгоҳи «Салом Ҷҳарта» баргузор гардид.