ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Шумори ҷиноёти ба қайд гирифташуда дар моҳи январ дар Тоҷикистон ҳудуди 20,5% зиёд шудааст, иттилоъ медиҳад ОИ Авеста бо такя ба Оҷонсии омор.
Беш аз 2,2 ҳазор ҷиноят дар саросари кишвар дар моҳи январ ба мушоҳида расидааст. Ин нишондиҳанда дар вилояти Суғд — 31,5%, вилояти Хатлон- 21,5%, шаҳри Душанбе- 21,9%, НТМ- 20,2 ва ВМКБ- 10%-ро ташкил медиҳад.
Дар давраи сипаригардида дар ҷумҳурӣ 510 ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шуда, он дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2014 ҳудуди 1 дарсад бештар аст.
Ҳамзамон, ришваситонӣ ва фасодкорӣ- 4,3%, куштор ва сӯиқасд ба куштор- 30% бештар гардида, дуздӣ- 1,7 маротиба, аз ҷумла дуздӣ аз манзили зист- 1,8 маротиба зиёд гардидааст.
Дар муқоиса ба моҳи январи соли 2014 теъдоди ҷиноёти марбут ба қочоқи нашъа 18,2 дарсад, кам шуда, фиребгарӣ- 3,2%, ғоратгарӣ- 9,5 фисад ва авбошӣ- 15,8% кам шудааст.
Сатҳи ошкоркунии ҷиноёт дар моҳи январи соли равон ба 58,2 баробар гардид, ин рақам дар як соли пеш 56,2%-ро ташкил медод.