ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Истихроҷгарони ғайримуҷоз вориди шахтаи сурма дар ноҳияи Чатқалъаи вилояти Ҷалолобод гардида, аз бӯйи гази карбон ба ҳалокат расидаанд, иттилоъ медиҳад Sputnik дар Қирғизистон ба истинод ба ВҲФ.
Теъдоди қурбониён се нафарро ташкил медиҳад, менависад оҷонсӣ. Ба қавли манбаъ, ҳодиса рӯзи 14 феврал иттифоқ уфтода, айни замон ҷасади фавтидагон ба пайвандонашон супорида шудааст.
"Ҷустуҷӯъи маъодин бо роҳи ғайриқонунӣ манъ шудааст, аммо аз сабаби фақру бекорӣ одамон ба ин даст мезананд. Кони сурма дар чуқурии беш аз 100 метр дар зери замин ҷойгир аст ва он ҷо норасоии оксиген сахт эҳсос мешавад",- иброз дошт Алтинбек Сулаймонов, сарвари раёсати ВҲФ дар ноҳияи Чатқалъа аснои сӯҳбат бо хабарнигори Sputnik.
Ба иттилоъи ҳамсӯҳбати оҷонсӣ, арзиши як кило сурма дар бозор ҳудуди 60-70 соми қирғизӣ (муодили $1 ИМА) аст.