Дар Маскав пешниҳод карданд, ки наҳваи бимаи муҳоҷирон иваз шавад

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкТашхиси пизишкии шаҳрванди хориҷӣ. Акс аз бойгонӣ
Ташхиси пизишкии шаҳрванди хориҷӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои ҷилавгирӣ аз фиреби муҳоҷирони корӣ аз сӯйи ширкатҳои беинсофи бима, раҳбарони ниҳодҳои зирабт қасд доранд тағйироти қавонинро пешниҳод кунанд.

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Мақомоти Маскав қасд доранд тағйироти қавонини марбут ба хадамоти ҳатмӣ дар мавриди бимаи пизишкии муҳоҷирони кориро пешниҳод кунанд, хабар медиҳад РИА Новости.

Ин мавзӯъро рӯзи душанбе вакилони думаи Маскав якҷо бо бахши тандурустии Маскав дар ҷаласаи муштараки комиссияи амният, комиссияи тандурустӣ ва ҳифзи тандурустии ҷомеъа ва комиссияи сиёсати иҷтимоӣ ва муносиботи корӣ матраҳ карданд.

Муовини аввали раиси бахши тандурустӣ Николай Потекаев дар ҷаласа изҳор дошт, ки муҳоҷирони корӣ бидуни дарёфти бимаи изофии пизишкӣ ба ёрии таъҷилии пизишкӣ ниёз доранд.

Дар Маскав патент барои муҳоҷирон 4000 рубл арзиш хоҳад дошт

"Вақте ширкатҳои бима дар ин замина худсарона ёрии таъҷилии пизишкиро ба ҳар баҳона ба бимаи пизишкӣ, ки аслан ройгон аст, ворид мекунанд, ин ҷо мавриди қаллобӣ низ мушоҳида мешавад", — зикр кард Потекаев.

Дар бораи вуҷуди фиреби муҳоҷирон аз сӯйи ширкатҳои беинсофи бима иҷрокунандаи раиси бахши муҳоҷирати кории берунаи раёсати ИФМ дар Маскав Игор Дудник низ таъкид кард. Ба гуфтаи вай, дар бештари маворид муҳоҷиронро гумроҳ сохта барояшон санади тақаллубии бимаи ҳатмии пизишкӣ медиҳанд.

Дар ин робита раҳбари комиссияи тандурустӣ ва ҳифзи саломатии оммаи дума Людмила Стебенкова пешниҳод кард, ки дар қонун дар бораи бима тағйирот ворид карда шавад. Зеро, ба гуфтаи вай, роҳандозии бимаи ҳатмии пизишкӣ барои муҳоҷирон ҳадаф дошт, ки ин махориҷ аз будҷа берун карда шавад.

"Феълан аз бимаи садрублӣ, ки ҳеҷ арзишу пайомаде надорад, мо аз он суде намебинем. Ба ин далел, шояд мо сари ин мавзӯъ фикр кунем, ки ба ин бима чӣ хадамоте ворид карда шавад?", — гуфт Стебенкова.

Намояндаи бахши тандурустии Москав Потекаев дар навбати худ изҳор дошт, ки дар ин иқдом омода аст Стебенковаро пуштибонӣ кунад ва ширкаткунандагони дигари ин ҷаласа низ бо ин иқдом розӣ шуданд.

Лентаи хабарҳо
0