Назарсанҷӣ: 72% дар Аврупо медонанд, ки “Ҷараёни ҷанубӣ” баста шудааст

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкОғози кор дар лӯлаҳои "Ҷараёни ҷанубӣ". Акс аз бойгонӣ
Оғози кор дар лӯлаҳои Ҷараёни ҷанубӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аксари пурсидашудаҳо дар се кишвари аврупоӣ гуфтанд, ки дар бораи мутаваққиф шудани татбиқи лоиҳаи интиқоли газ тариқи лӯлаҳо “Маҷрои ҷанубӣ” огаҳӣ доранд.

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Назарсанҷие, ки оҷонсии ICM Research барои ОИБ "Россия сегодня" анҷом дод, нишон медиҳад, ки бештари сокинони Австрия, Булғористон ва Сербистон дар бораи мутаваққиф шудани татбиқи лоиҳаи "Ҷараёни ҷанубӣ" огаҳ ҳастанд.

Ба саволи: "Оё шумо медонед, ки татбиқи лоиҳаи интиқоли газ таҳти унвони "Маҷрои ҷанубӣ" мутаваққиф шудааст?", 72% пурсидашудагон дар кишварҳои Австрия, Булғористон ва Сербистон ҷавоби мусбат доданд.

Бештар аз ҳама сокинони Булғористон дар ин бора иттилоъ доранд. Ҳудуди 85 дарсади булғориҳо гуфтанд, ки аз баста шудани лоиҳа хабар доранд, танҳо 7% пурсидашудаҳо дар ин кишвар аз пружаи мазкур изҳори беиттилоъӣ карданд.

Огаҳии шаҳрвандони Австрия аз булғориҳо каме пойинтар аст. Бештар аз нисфи пурсидашудаҳо- 53% иброз доштанд, ки аз мутаваққиф шудани лоиҳа дарак доранд, 37% дигар бошанд, барои аввалин бор дар ин маврид мешунаванд.

Ҳамзамон, аксари пурсидашудаҳо (онҳое, ки дар бораи лоиҳа қаблан огаҳӣ доштанд), манъ гардидани татбиқи пружаро ба нафъи Туркия медонанд. 44% гуфтанд, ки агар лоиҳа дар шакли пешин табиқ мешуд, он ба манфиати кишварҳои узви ИА буд, аммо ҳоло ин имкон барои Туркия фароҳам омада, дастрасии Истамбул ба захоири энергетикӣ бештар мешавад.

Дар ҳамин ҳол, ба сурати баробар- 20% пурсидашудагон манъи татбиқи лоиҳаро ба нафъи ҳам Аврупо ва ҳам Русия медонанд.

Зимнан, дар кишварҳое, ки назарсанҷӣ баргузор гардид, аксари сокинон бар ин назаранд, ки мутаваққиф шудани лоиҳа ба манфиати Туркия аст. Дар Булғористон нисфи пурсидашудаҳо, дар Австрия- 44% ва дар Сербистон- 39% ба ҳамин андешаанд.

Ин назарсанҷӣ аз ҷониби ширкати ICM Research шурӯъ аз 12 то 30 январи соли 2015 барои Оҷонсии иттилоотии байналмиллалии "Россия сегодня" дар кишварҳои Булғористон, Австрия ва Сербистон сурат пазируфт.

Интихобан 3000 нафар пурсида шуданд (1000 нафарӣ аз ҳар як кишвар). Интихоби пурсидашудагон аз рӯи ҷинс, сину сол, ҷуғрофия сурат гирифта, фосилаи итминон  +/- 3,1%  ва эҳтимолияти эътимод 95 %-ро ташкил медиҳад.

 

Лентаи хабарҳо
0