Расонаҳо: Ҳинд аз Фаронса ҷангандаҳои Rafale- ро харидорӣ намекунад

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкНамоишгоҳи байналмиллалии "МАКС-2011"
Намоишгоҳи байналмиллалии МАКС-2011 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба навиштаи расонаҳо, дар тӯли се соли музокироти миёни Rafale ва вазорати дифоъи Ҳинд ошкор шудааст, ки пешниҳодоти ширкати Dassault гаронтар аз пешниҳодоти рақибонаш дар озмун ширкати Eurofighter Typhoon будааст.

ДУШАНБЕ, 16 фев — Spytnik. Ҳинд аз харидории ҷангандаҳои фаронсавии Rafale ба далели гарониаш худдорӣ кардааст, иттилоъ дод рӯзи душанбе РИА Новости бо истинод ба Business Standard.

Қаблан расонаҳои ҳиндӣ хабар дода буданд, ки вазорати дифоъи Ҳинд метавонад аз харидории 126 ҷангандаи Rafale барои нерӯҳои ҳавоии кишвар, ки соли 2012 дар озмун пирӯз шуда буд, худдорӣ карда бар ҷойи онҳо ҷангандаҳои русиии Су-З0 МКИ-ро дарёфт намояд.

Business Standard зикр мекунад, ки дар тӯли се соли музокироти миёни ширкати Rafale ва вазорати дифоъи Ҳинд ошкор шудааст, ки пешниҳодоти ширкати Dassault гаронтар аз пешниҳодоти рақибонаш дар озмун ширкати Eurofighter Typhoon будааст, на арзонтар. Ҳарчанд вазорати дифоъ 31 январи соли 2012 чунин хабарро пахш карда буд.

"Ягон намояндаи вазорати дифоъ қарордод бо ширкати Dassault, ки ҳазинааш беш аз 20 миллиард доллар асту пешниҳоди Rafale арзон маҳсуб намешавад, таъйид нахоҳад кард", — изҳор дошт манбаъ, ки ба кумитаи вориди музокирот наздик мебошад.

Ба иттилоъи ин расона, озмун барои харидории 126 ҷангандаи гуногунҳадаф нахустин озмуни вазорати дифоъи Ҳинд буд, ки дар он омори коршоямии ҷанганда дар меҳвар қарор дошт, на қимати харидории он. Яъне, дар озмун бояд ҷангандае пирӯз мешуд, ки мизони пойинтарини махориҷи истифода дар тӯли 30-40 соли парвозҳояш дорад, на арзиши воқеъии он.

"Вазорати дифоъ пешниҳодоти нокомили тарҳи Dassault-ро баррасӣ карда ҷангандаҳои Rafale-ро арзонтарин пешниҳод арзёбӣ кард. Ҳоло, баъд аз се сол мо аз фаронсавиҳо омори дақиқро дарёфт кардем, ошкор шуд, ки Ҳинд барои ин ҷангандаҳо маблағи бештаре аз натоиҷи аввалия пардохт хоҳад кард", — изҳор дошт манбаъи расона.

Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи расонаҳо, вазорати дифоъи Ҳинд дар бораи ба ҷойи ҷангандаҳои фаронсавӣ харидории ҳавопаймоҳои русии Cу-30 МКИ-ро, ки ба халабонҳои ҳиндӣ хуб ошно асту тибқи муҷҷавиз дар корхонаи ҳиндӣ аз сӯйи ширкати Hindustan Aeronautics Limited (HAL) насб мешаванд, ба миён хоҳад гузошт.

Ин нуктаро, ки Су-30 МКИ ба талаботи нерӯҳои ҳавоии Ҳинд мутобиқ аст, вазири дифоъи ин кишвар Манохар Паррикар низ изҳор дошт буд. Вале вазорати дифоъ расман имкони ивази Rafale ба Су-30 МКИ-ро таъйид накардааст.

Лентаи хабарҳо
0