Назарсанҷӣ: 27% сокинони Русияро муҳоҷирон нороҳат намекунанд

Обуна шудан
Натоиҷи ин назарсанҷӣ ҳокист, ки танҳо 13% пурсидашудагон аз манотиқи мухталифи Русия аз муҳоҷирон нороҳат ҳастанд.

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Беш аз чаҳоряки пурсидашудагони Русия гуфтаанд, ки муҳоҷирон онҳоро нороҳат намекунанд. Ҳамзамон бештаре аз коргарон изҳор доштаанд, ки дар корхонае ки онҳо дар он ҷо кор мекунанд, бар ивази муҳоҷирон пайдо кардани коргари маҳаллӣ душвор нест, омадааст дар натоиҷи ин назарсанҷӣ, ки аз сӯйи Сандуқи "Обшественное мнение" мунташир шуд.

Дар моҳи декабри соли 2014 ин сандуқ миёни сокинони аз 18 сола болои Русия назарсанҷие анҷом дод. Кормандони сандуқ 1500 мусоҳибро дар 43 минтақа ва 100 маркази аҳолинишин пурсон шуданд.

Дар натиҷа рӯшан шуд, ки теъдоди андаки сокинони Русия (13%) муҳоҷирон онҳоро нороҳат месозанд (ё агар дар шаҳри онҳо ё рустои онҳо зиндагӣ кунанд, нороҳат месохтанд).

27% пурсидашудагонро муҳоҷирон нороҳат намекардаанд. Ҳамзамон бештаре аз коргарон изҳор доштаанд, ки дар корхонае ки онҳо дар он ҷо кор мекунанд, бар ивази муҳоҷирон пайдо кардани коргари маҳаллӣ душвор нест.

Қариб нимаи пурсидашудагон аз ҷумлаи коргарон гуфтаанд, ки дар корхонаи онҳо сокинон аз манотиқи дигар ҳастанд ва чаҳоряки дигар гуфтаанд, ки коргарон аз кишварҳои дигар низ ҳастанд. Сокинони Русия дар бештаре маворид мутмаинанд, ки бар ивази онҳо коргаронро аз ҳисоби аҳолии таҳҷойӣ пайдо кардан мумкин аст.

Ҳамзамон беш аз чаҳоряки сокинон иқрор шудаанд, ки дар шаҳри онҳо (русто ё шаҳрак) камбуди кормандони арсаҳои мухталиф, маъмулан коргарон, фаррошон ва кормандони бахши тандурустӣ эҳсос мешавад. Аз сӯйи дигар дар шаҳрҳои Русия кормандони арсаи молия, ҳуқуқ, ваиклони мудофеъ, иқтисоддонҳо ва тоҷирон зиёд будаанд.

Лентаи хабарҳо
0