Дархости Зайд Саидов рад шуд. Судя гуфтааст, ҷой танг аст

© SputnikСаҳифаи Зайд Саидов дар Facebook
Саҳифаи Зайд Саидов дар Facebook - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисикунандаи мурофиа баргузории мурофиаҳоро дар бинои Суди Олӣ ба он хотир рад кардааст, ки гӯиё дар парвандаҳои қаблии судшаванда ҷиноятҳои махсусан вазнин ҷой доранд.

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Алпомиш Акбаров, раисикунандаи мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов, 16-уми феврал дархости судшавандаро барои баргузории мурофиаҳо дар бинои Суди Олӣ бо иштироки намояндагони ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандӣ рад кардааст, хабар медиҳад оҷонсии "Озодагон".

Исҳоқ Табаров, вакили дифои Саидов мегӯяд, раисикунандаи мурофиа баргузории мурофиаҳоро дар бинои Суди Олӣ ба он хотир рад кардааст, ки гӯиё дар парвандаҳои қаблии судшаванда ҷиноятҳои махсусан вазнин ҷой доранд.

"Бинобар ин мурофиаҳои парвандаи нав низ дар боздоштгоҳи муваққатӣ баргузор мешаванд", — афзудааст Табаров.

Ба гуфтаи вакили дифоъ, гарчанде додрас мурофиаро "кушода" эълон намуд, барои ҳузури намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иҷоза надодааст. Ӯ далел овардааст, ки ҷой танг аст ва бинобар ин танҳо наздикони Саидов метавонанд, дар мурофиаҳо иштирок кунанд.

"Мо бо Зайд Саидов маслиҳат кардем ва ба хулосае омадем, ки ӯ дар ин мурофиаҳо иштирок кунад, чун дар акси ҳол наметавонад, бегуноҳияшро исбот намояд", — гуфтааст вакили дифоъ.

Додраси парванда мурофиаи навбатиро 17-уми феврал таъин намудааст.

Иттиҳоми нав: Зайд Саидов ба буҷа $10 миллион зарар расонидааст

Ин дар ҳолест, ки дар мурофиаи рӯзи 12-уми феврал Зайд Саидов дар нахустин мурофиаи парвандаҳои наваш баромад карда, аз додрас хост, наздиконаш, намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва хабарнигорон дар мурофиаи парвандаҳои наваш иштирок кунанд, чун парвандаҳои нав сирф иқтисодӣ буда, муҳри махфӣ надоранд.

Қаблан низ Зайд Саидов бо исроли як нома ба Нусратулло Абдуллоев, раиси Суди олии Тоҷикистон шарт гузошт, дар сурати баргузории мурофиаҳо дар СИЗО аз иштирок дар он даст хоҳад кашид. Вай гуфта буд, дар парвандаи пешина, ки муҳри махфӣ заданд, бино бар ин мурофиаи он дар боздоштгоҳи муваққатӣ гузашт, парвандаи дувум сирф иқтисодист ва муҳри махфӣ надораду ҳеч сире нест, онро бояд дар Суди олӣ доир намоянд.

Зайд Саидов, соҳибкори тоҷик, баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ моҳи майи соли 2013, ҳангоми бозгашт аз Фаронса боздошт ва моҳи декабри соли гузашта ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Мақомот пас аз панҷ моҳи маҳкумияти оқои Саидов эълон карданд, ки алайҳи ӯ бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон — моддаҳои 245, қисми 4, банди "б" (азхудкунӣ ба миқдори махсусан калон) ва 340, қисми 2 (сохтакории ҳуҷҷатҳо) парвандаи нав боз кардаанд. Айбномаи наве, ки Зайд Саидов ҳангоми ошноӣ бо он ҳамаашро рад карда, мисли парвандаҳои қаблияш сохтаву бофта унвон кардааст.

Лентаи хабарҳо
0