ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Президент Эмомалӣ Раҳмон 16 феврал зимни машварати корие дар ҳузури масъулони ҳукумат, дастур додааст, ки шурӯъ аз 16 феврал мардумро дастикам 13 соат дар шабонарӯз бо нирӯи барқ таъмин кунанд, хабар медиҳад сомонаи раисҷумҳур.
"Вобаста ба таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ ба масъулини соҳа дастур дода шуд, ки аз ҳамин рӯз сар карда, ба аҳолии шаҳру ноҳияҳо ва деҳот аз соати 5- субҳ то 11-и рӯз ва аз соати 16:00 то соати 23:00, яъне 13 соатӣ барқ дода шавад. Таъкид гардид, ки минбаъд меъёри додани барқ ба аҳолӣ боз ҳам зиёд шудан мегирад", — омадааст дар хабари хадамот.
Дар ин ҷаласа масоили дигаре, чун таъмини фаровонии маводи ғизоӣ дар бозори истеъмолӣ, ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулот бо нархҳои дастрас, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, ниҳолшинонӣ, таъмини кори мунтазами нақлиёти ҷамъиятӣ, ба роҳ мондани ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ва ҳифзи амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар арафа ва рӯзи интихоботи порлумонӣ низ баррасӣ шудааст.
Тоҷикистон, ки дар фасли зимистон ба тақирбан 2,5 миллиард киловатт-соат нирӯи барқ эҳтиёҷ дорад, ҳар сол аз моҳи октябр то моҳи май маҷбур мешавад, нирӯи барқро ба аҳолӣ ва корхонаҳо бо лимити хеле шадид тақсим кунад.
Ба истиснои Душанбе ва чанд маркази саноатии дигар, боқӣ манотиқи Тоҷикистон дар рӯз ҳамагӣ чанд соат нирӯи барқ мегиранд.