ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Муҳаммад Султонов, ҳамлагари 22-солаи дастаи футболи "Тосно"-и Русия, даъвати масъулини футболи тоҷикро барои бозӣ дар тими мунтахаби Тоҷикистон напазируфтааст, менависад рӯзномаи "Спорт Ден за Днем".
"Албатта, орзу дорам, ки дар ҳайати мунтахаби Русия бозӣ кунам. Якчанд бор маро барои бозӣ дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон даъват кардаанд. Агар ман ин даъватро бипазирам, пас ман легионер мешавам",- иброз доштааст Султонов аснои мусоҳиби бо рӯзнома.
Чанде қабл Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, низ дар суҳбатҳояш бо Озодӣ таъйид карда буд, ки бархе аз дастпарварони футболи тоҷикро, ки дар айни ҳол дар бошгоҳҳои футболи кишварҳои дигар бозӣ мекунанд, ба ҳайати мунтахаби кишвар даъват карда буд. Дар байни онҳо Муҳаммад Султонов низ зикр шудааст.
Футболбози ҳирфаӣ Муҳаммад Султонов дар ҳайати "Тосно"-и шаҳри Тоснои вилояти Ленинград, ки дар ҳамин ҳол дар дивизиони аввали Лигаи миллии футболи Русия дар ҷойи севум аст, 17 бозӣ карда, як гол задааст.
Муҳаммад Султонов 22-юми декабри соли 1992 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Аз овони кӯдакӣ ба футбол машғул шуда, дар мусобиқоти шаҳриву минтақавӣ ширкат варзидааст. Сипас ба Русия рафта, пеш аз «Тосно» дар дастаҳои ССКА (Маскав), "Локомотив-2" (Маскав), "Спартак" (Налчик) бозӣ кардааст.