ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Бар асари сониҳаи роҳ дар Душанбе як духтари 19-сола ба ҳалокат расида, ронандаи нақлиёт бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба касалхона интиқол ёфтааст, хабар медиҳад сомонаи ВКД ҶТ.
Вазорати корҳои дохилӣ дар шарҳи садамаи нақлиётии шаби 15-уми феврал иттифоқ афтода гуфт, он бо айби ронанда рух додааст.
"Худоёр Неъматови 25-сола, сокини ноҳияи Ҳисор аснои рондани нақлиёти "Лексус" ҳангоми ҳаракат аз тарафи кӯчаи Зарафшон ба самти кӯчаи И.Сомонии пойтахт, аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯби байни роҳ бармехӯрад",- омадааст дар хабари сарчашма.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи мазкур Санам Бобошарифоваи 19-сола, сокини н. Ҳисор ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.