ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ (БҶ) тасмим гирифтааст барои сохтмони роҳи оҳани Пап-Ангрен дар Ӯзбакистон $195 миллион қарз ихтисос диҳад, хабар медиҳад сойти БҶ.
"Иртибототи роҳи оҳании тамоми сол барои 7,6 миллион нафар аҳолӣ беҳбуд меёбад. Корхонаҳои кӯчак ва муттавасит дастрасии худ ба бозорҳоро васеъ ва суди худро афзоиш медиҳанд. Сохтмони роҳи оҳан ҳамчунин ба афзоиши шуғли аҳолӣ дар арсаҳои мухталиф, аз ҷмула дар бахши нассоҷӣ ва ироъаи хадамот мусоидат мекунад", — зикр мекунанд дар БҶ.
Ин тарҳ ба иҷрои барномаи ҳамгироии иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад, ки дар чорчӯби он Иқдомот барои мусоидат ба нақлиёт ва тиҷорат дар заминаи 6 долони нақлиётӣ амалӣ мешавад.
Тарҳи сохтмони роҳи оҳани Пап-Ангрен дар долони 2 барномаи ҳамгироии иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ воқеъ буда аз шарқ ба ғарб тӯл мекашад ва манотиқи бузургеро аз Чин то ба Қавқоз ба ҳам муттасил мекунад.
Ин тарҳ ҳамчунин аз барномаи миёндаврии давлатии тавсеа ва рушди зербаноҳо пуштибонӣ карда бо самтҳои аслии Қарордоди ҳамгироии Бонки ҷаҳонӣ бо Ӯзбакистон барои солҳои молии 2012-2015 мутобиқ аст.
"Ширкати давлатии саҳҳомии роҳи оҳани "Ӯзбакистон темир йуллари" дар нахустин соли истифодаи ин тарҳ интиқоли 600 ҳазор мусофир ва ҳудуди 4,6 миллион тонн колоҳоро пешбинӣ мекунад. Ҳамчунин интизор меравад, ки иҷрои ин тарҳ ба коҳиши ҳамасолаи партовҳои газҳои маснуӣ дар ҳаҷми 200 ҳазор тонн мусоидат мекунад", — мутмаинанд дар Бонки ҷаҳонӣ.
Ҳазинаи умумии тарҳ $1 миллиарду 633,75 миллион мебошад. Сармоягузорӣ умдатан аз сӯйи дороиҳои хусусии "Ӯзбакистон темир йуллари", будҷаи давлатӣ ва аз Сандуқи бозсозӣ ва рушди Ӯзбакистон сурат мегирад. "Эксимбанк"-и Чин $350 миллион ва Бонки ҷаҳонӣ — $195 миллион ихтисос медиҳанд.
Дар чорчӯби ин тарҳ миёни Пап ва Ангрен роҳи оҳан бо дарозии 124 километр ва туннел зери гарданаи Камчиқ бунёд мешаванд.